Сафорати Амрико дар Бағдод тасмим дорад ба далели масоили амниятӣ ва таҳдидҳои мавҷуд бархе аз коркунони худро аз Ироқ хориҷ кунад.

Хабаргузории “Фаронса” рӯзи 3 декабр бо эъломи ин хабар ба нақл аз бархе мақомоти ироқӣ тасреҳ кард, ки ин тасмим дар пайи ҳамлаҳои мушакии моҳҳои ахир ба манофеи Иёлоти муттаҳида дар Ироқ, рӯи даст гирифта шуда аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Амрико бидуни изҳори назари расмӣ дар хусуси ин тасмим танҳо ба зикри ин нукта иктифо кардааст, ки ҳифзи амнияти намояндагони дипломатии Иёлоти муттаҳида, ҳамчунин шаҳрвандон ва манофиатҳои ин кишвар авлавияти аслӣ аст.

Бар асоси ин гузориш Мотфей  Туллер сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи ин кишвар ҳамчунон дар Бағдод ба сар мебарад.

Бояд гуфт, ки Вашингтон ҳамвора аз гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон ба унвони масъули ҳамлаҳои мушакӣ ва бомбаҳои ҷодаӣ, бар зидди неруҳоу манофеи худ дар Ироқ дониста, дар ҳамин росто ду бор барои талофӣ пойгоҳҳои “Катоиби Ҳизбуллоҳ”, яке аз гурӯҳҳоро бомбаборон кардааст.

Аз сӯи дигар Вашингтон пештар бо шиддат гирифтани ҳамалот бар зидди манофеи худ дар Ироқ , зимни таъини як зарбулаҷал,  таҳдид ба бастани намояндагии дипломатии худ дар ин кишвар карда буд.