Филми мустанад ҷузъи муҳими синамои кашварҳои олам ба шумор меравад ва рӯз то рӯз аудиторияи ин намуди филм дар ҷаҳон меафзояд. Новобаста ба он, ки таҳияи филми мустанад нисбати филмҳои ҳунари камхарҷ мебошад, аммо таҳияи ин намуди филм миёни синамогарони тоҷик рушд накардааст.

 

 

Дар як сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ тақрибан на камтар 40  филми мустанад  тавлид мешавад. Истеҳсолкунандаи асосии филмҳо фақат Муассисаи  давлатии “Тоҷикфилм” нест. Дар фазои синамои кишвар дигар киностудяҳо мисоли Суғдсинамою Хатлонсинамо ва шахсони алоҳида филм омода намуда пешниҳоди бинандагон мекунанд, ки аз нигоҳи мунақидони соҳа ин кифоягӣ намекунад.

   Искандар Усмонов коргардон ва филмноманавис мегӯяд: “Дар тамоми дунё имрӯз наворбардории филми мустанад ривоҷ ёфтааст ва бояд дар Тоҷикистон низ ин устувории худро пайдо кунад ва рушд ёбад. Кишвари мо дар ҷуғрофияи синамогари дунё бо филмҳои мустанад дар ҳеҷ куҷо номнавис нашудем. Ҳол он, ки таҳияи филми мустанад камхарҷ мебошад ва коргардонҳо имконияти хело зиёд доранд барои таҳияи он. Таърих исбот кардааст, ки умри филми мустанад нисбати филми ҳунарӣ дароз аст ва метавонад миллатро пас аз садсолаҳои муаррифи кунад”.

Дида мешавад, ки солҳои охир чанд филми мустанади фармоишиву тарғибӣ низ таҳия мешаванд. Одатан ҳар чизе, ки фармоишӣ аст, танҳо аз сухан ва ҳадафи фармоишгар  дар он инъикос меёбад. Вале, дар баробари ин, ҳуҷҷатнигорони асилу ҳирфаии мо ё навкорон ҳатто дар филмҳои фармоишӣ низ тавонистаанд ба таври мукаммал роҷеъ ба масоили мубрами инсон ва ҷомеа сухани наву ҷолиб ва аз ҳама муҳим, воқеӣ бигӯянд. Ҳоло дар фазои синамоӣ кишвар дар самти таҳияи филмҳои мустанд Муассисаи давалтии Тоҷикфилм  ба наворгирии 15 филми ҳуҷҷатӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Ягона чизе,ки имрӯз бисёре аз коргардонҳои мустанадсозро нигарон кардааст, ин бозпас гирифтани харҷи маблағ дар филм мебошад. Ҳарчанд, ки имрӯз филмҳои бадеӣ, то андозае ба воситаи ҳар гуна намоиш метавонанд каме маблағи худро бозпас мегарданад, аммо барои филми мустанад ин хело кори мушкил мебоашд.

“Сармуҳаррири Муассисаи давлати Тоҷикфилм Назар Назаров: Вақте дар филм пул масраф мешавад, он филм  бояд маблағро баргардонад.  Вале,  дар Тоҷикистон фикр намекунам, ки чӣ филмҳои ҳунарӣ ва чӣ филмҳои мустанад пулашонро баргардонда тавонанд. Пеш аз оне, ки филм таҳия мегардад он бояд харидори худашро дошта бошад, аммо мутаъсифона дар фазои синамои мо чунин шароит то ҳол ба вуҷуд наомадааст, ҳам барои филмҳои Муассисаи давалтии Тоҷикфилм ва ҳам барои шахсони алоҳидаи филмофар. Барои ба вуҷуд офардани фазои тиҷорати филм бояд продюсерон кор кунанд”.

Даромад аз филм агар аз як тараф коргардонро ҳавасманд намояд аз тарафи дигар ба ӯ имконият медиҳад, ки филми навбатии худро таҳия намояд. Новобаста аз оне, ки танҳо продюсерон метавонанд чархи филми ҳуҷҷатиро дар кишвар ба гардиш дароваранд дигар роҳое мавҷуд аст, ки метавон даромад барои таҳияи филми ҳуҷҷатӣ ба даст овард.

Мустанадсози ҷавон Далери Имомалӣ ба Радиои Тоҷикистон гуфт:

“Мутаассифона имрӯз мо ҳама таваҷҷӯҳамонро додем барои таҳяи филмҳои  ҳунарӣ,  аммо фаромуш кардем, ки самти дигаре ҳаст бо номи мустанад. Мо бояд ҳарчи бештар дарсҳои устод-шогирд ташкил кунем бо ҳузури устодони дохил ва хориҷ. Ҳамчунин ниҳодҳо дахлдор бояд ҷавонони завқмандро фиристанд ба ғайрз аз Россия ба дигар кишварҳо, ки мутахассис шуда баргарданд ба кишвар. Роҳи дигар ин аст, ки бояд дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон шуъбаи мустанадсозон таъсис дода шавад, ки ақалан дар панҷ сол ҳудуди чор – панҷ мутахассис ва коргардон омода созанд то ба синамои мо ворид шаванд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавоне фазои мустанадсозиро комил созем”.

Ҳарчанд рӯз то рӯз коргардонҳои мустанадсоз ба фазои синамои кишвар ворид мегарданд, мутаъсифона қисми дигаре бошад тарки ин касб мекунанд. Кам будани коргардонҳои мустанадсоз, набудани мактаби синамоии мустанд дар кишвар, набудани толорҳои муосири филмнамоишдиҳӣ ва умуман мавҷуд набудани системаи дистрибутсия ё худ пахши филмҳо, мушкили умдаи синамои миллии мо аст, ки на танҳо ҷавонони ташаббускор, балки киностудияҳои давлатиро низ мувоҷеҳ кардааст. Пур кардани фазои синамои бо филмҳои мустанад ва ҳунарӣ кори сахту мушкил аст. Аммо ҷалб намудани бинандагон ба кинотолор замоне фаро мерасад, ки тамоми паҳлуҳои рушди санъати кино, аз таҳия то ба вуҷуд омадани кинотолҳои замонавӣ барои намоиши филм метавонад кинои тоҷикро ба ҷаҳониён ва худи миллат муаррифи кунад.

Одинаи Маҳмад

Радиои “Тоҷикистон”