Бо истифода аз шароитҳои мусоиди тирамоҳи имсола  дар ҳамаи кунҷу канори кишварамон   ободонии муҳити зист ва   ниҳолшинонию кабудизоркунӣ  суръати тоза гирифтааст. Зеро тибқи  тавсияи мутахассисон фасли тирамоҳ барои шинонидану сабзгардидани ниҳолҳои шинондашуда хеле мусоид аст. Ҳамин аст, ки аз  масъулин ва сокинони мамлакат ҳар  рӯзи ба ин мақсад мувофиқро     бо самар истифода намуда,   ҳашарҳои умумии  ниҳолшинониро низ амалӣ менамоянд.

Дар ноҳияи Файзобод ҳам  мардум бо як дили гарму  дастгирӣ аз  ташаббусу пешкориҳои сарвари давлат баҳри ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонӣ   ба  ҳашари   бунёду сабзу хуррам гардонии  ноҳия баромада пурсамар фаъолият карда истодаанд.

Сокинони  ноҳия   дастури роҳбарияти кишварро  бобати сарсабзу ободу назарраббо гардонидани  атрофи шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ  ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Айни ҳол  тибқи    нақша талу теппаҳои  сабзу хуррам  дар ду тарафи  шоҳроҳи мазкур  доман паҳн менамояд.

Сардори  шуъбаи муҳити зисти  н. Файзобод Эмомалӣ  Ҷомаҳмадов

Тавре сардори  шуъбаи муҳити зисти  ноҳияи Файзобод Эмомалӣ  Ҷомаҳмадов  иброз дошт:

“Боис қайд аст, ки      атрофи шоҳроҳ ва таллу теппаҳои ноҳия бо қувваю бозуи сокинони  диёр ҳамасола  ободу зебо ва диданӣ мегардад.  Танҳо баҳори соли равон  сокинони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кормандони ташкилоту муассисаҳои қаламрави  ноҳия 11842 бех  ниҳолҳои  ҳамешасабзу ороишӣ  шинонида буданд. Маҳз нигоҳубини   хуби масъулин буд, ки ҳолати сабзиши онҳо тайи ин муддат  қонеъкунанда аст. Дар асоси дастури  мутахассисон буд, ки  ниҳолҳо сари вақт бо ғизову об таъмин гардиданд.  Бо ин мақсад 1500 киллограмм селитра  масраф гардида, тавассути  автомашинаҳои махсус об дода шуда буд.  Фаъолияти хуби кормандони  ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд,  ҷавонон,  шаҳраки Файзобод, шуъбаи маорифро  метавон махсус қайд намуд, ки ҳамарӯза дар ин маъракаи муҳим  ширкат доштанд.   Бояд қайд намуд, ки дар асоси   қарори раиси ноҳия    «Дар бораи  гузаронидани чоррабиниҳои кабудизоркунӣ  ва ободонӣ  дар ноҳияи Файзобод»,  30 октябри соли равон ба ифтихори таҷлили  сазовори ҷашни 30 солагии  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ     тибқи нақша бояд дар ин давра 6600 адад ниҳолҳои ҳамешасабзи   межавилник, сосна, кипариси аризони туйя шинонида шавад.  Алакай 2304  бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.   Ва бо нишони  дастгирӣ аз   ташаббуси сабзу дидани гардонидани шоҳроҳ ва мавзеҳои муайян гардида, қариб дар ҳамаи  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот , ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо маъракаи ободонию кабудизоркунӣ дар рӯзҳои бебориш бо маром ҷараён мегирад”.

 

Кормандони бахши фарҳанги ноҳия низ  бо истифода аз фурсати  муносиб теппаҳои атрофи шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ рӯ ба рӯи   нимпайкараи  зиндаёд Дустмуроди Алӣ дарахтони   ҳамешасабз шинониданд. Корманди китобхонаи  марказии ноҳия  Абдуҷаббор  Сафаров зимни суҳбат  чунин иброз намуд, ки:

Корманди китобхонаи  марказии н. Файзобод  Абдуҷаббор  Сафаров

     

“Мо фарҳангиён низ имрӯз ба ҳашар баромада, дар атрофи шоҳроҳ дарахт шинонида саҳми худро дар  сарсабз гардонии  мавзеи мазкур гузоштем.

 Боварӣ ҳаст, ки   атрофи шоҳроҳу  идораҳо даҳҳо бех дарахтони  ороишию сояафкани  шинонида шуда ба ҳусни ноҳия   ҳусн меафзоянд. Ва ин рисолати асосии мардум  дар рӯзҳои омодагӣ ба   ҷашни барои ҳамагон азиз, истиқлоли  кишвар   ба ҳисоб меравад”. 

Бешубҳа амалигардонидани  нақшаҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Файзобод, як гӯшаи зебои диёр   барои боз ҳам бою диданӣ  гардидани табиати биҳиштосо ва зебоиҳои камназири Тоҷикистони азиз боис гардида, бори дигар аз   амалҳои    ободонию созандагӣ ва фарҳангӣ зебоишиносии мардуми мо   гувоҳӣ медиҳад. Ва ин амалҳо ба ҷалби даҳҳо меҳмомонону саёҳони хориҷӣ  ва муаррифии  он дар хориҷ боис мегардад.

 

Нуралӣ Давлат, Низомиддини Шамсиён

радиои “Тоҷикистон”