Тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳайате бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  бурд.

Ба гуфти Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, тақсимоти китоби «Тоҷикон» аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Дар ноҳия комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки раванди супоридани туҳфаи Роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд.

Муовини Вазири маориф ва илм   Нуралӣ Собирзода зикр дошт, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан бо теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар хонавода дастрас карда мешавад.

Омӯзгори собиқадори ноҳия Хушвахт Искандаров бо хушҳолӣ аз ин иқдоми маорифпарваронаи Сарвари давлат иброз дошт, ки «ман солҳо боз орзу доштам, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар фарди тоҷик бошад. Имрӯз ба орзуям расидам ва аз номи тамоми омӯзгорони ноҳия ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ менамоям. Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад».