Фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мактабу маориф  дар давраи тирамоҳу зимистон аз  омодагиҳои ҳамаҷониба гирифтан қабл аз оғози мавсими сармо сахт вобастагӣ дошта  баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастури роҳбарияти МИҲД вилояти Суғд  дар  68 мактаб ва 8 муассисаи томактабии ноҳияи Деваштич  бо ҷудо гардидани  852 ҳазору 180 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ  маводи сӯзишворӣ харидорӣ ва захира гардидааст.

Ин аст ки давраи зимистонгузаронӣ аз нимаи дуюми моҳи ноябр оғоз гардида, имрӯз  дар муассисаҳои таълимиву тарбиявии ноҳия  синфхонаҳо барои гузаронидани  раванди таҳсил  мутобиқ гардонида шудааст. Масалан,  дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №16 ба номи Аҳмадҷон Шарофови ноҳия 806 нафар  муҳассилин ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ҳар як синфхона шароити зарурӣ барои хонандагон муҳайё карда шуда омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур  кӯшиш доранд   толибилмони хешро   хамчун ворисони  арзандаи давру замон  таълим диҳанд. Хонандагони муассисаи мазкур  дар давраи сармо  ҳам ба таври  назариявӣ ва ҳам амалӣ аз усули пешрафтаи таълиму тарбия бархурдор гардида, барои азхудкунии  илму забономӯзӣ шавқу рағбат пайдо мекунанд.

Фараҳноз Ғайбуллоева, хонандаи мактаб

Чуноне дар ин хусус хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №16 ба номи Аҳмадҷон Шарофови ноҳияи Деваштич Фараҳноз Ғайбуллоева гуфт: “Мо шукрона мекунем, ки дар чунин ватани ободу азиз зиндагӣ карда истодаем. Барои таҳсили мо ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидааст. Вазифаи мо хонандагон дар ҳамин аст, ки мо бояд бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намоем”.

Ҳотамқул Азимов, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №47-и ноҳия Деваштич

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии  ноҳияи Деваштич  барои гузаронидани давраи зимистони солҳои 2020 – 2021  326 печҳои барқӣ ва 1394 адад печҳои  аловӣ  корбаст мегардад ва захираи  1240 тонна ангишт дар анборхонаҳо  барои  паси сар намудани рӯзҳои сармо  мусоидат мекунанд. Самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия  аз ҷониби омӯзгорон имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии тарбиятгирандагон боло равад. Дар робита ба ин омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками №47-и ноҳия Деваштич Ҳотамқул Азимов гуфт, ки: “Ҳар ҳафта дар муассиса ҳафтаи фанниро ба роҳ мондаем. Ин ҳафта фанни забони давлатӣ ва ҳафтаи ояндаи фанни забону адабиёти узбек гузаронида мешавад. Имсол як нафар хонандаамон дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” соҳиби ҷойи аввал гардид”.

Зебо Мӯъминова, муррабияи кӯдакистони рақами №3 – и ноҳияи Деваштич

Истифодаи асбобҳои аёнӣ ва дигар воситаҳои хониш   дар рафти таълиму тарбия   хеле муфид буда,  ба хонандагону тарбиятгирандагон  имконияти зиёди машқ карданро  фароҳам меорад. Баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтар намудани шароит дар муассисаҳои соҳаи маориф,  аз ҷумла кӯдакистонҳо яке аз масъалаҳои муҳимест, ки  он  дар мадди таваҷҷуҳи  доимии  давлату ҳукумат қарор  дорад, зеро наврасон зебоипарастӣ, ободкорӣ ва ватандӯстиро маҳз аз  зинаҳои  таълимӣ дар муассисаҳои томактабӣ  аз худ мекунанд. Дар ин хусус муррабияи кӯдакистони рақами №3 – и ноҳияи Деваштич Зебо Мӯъминова мегӯяд, ки “Имрӯз мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккури худро изҳор мекунем, ки барои муассисаҳои томактабӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Дар муассисаи мо 6 гурӯҳ ҷалб шудаанд, ки дар он 130 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Кӯшиш мекунем, ки давраи зимистонро бе ягон мушкилӣ паси сар намоем”

Ҳадаф аз саривақт чораҷуӣ намудани тадбирҳои муҳими омодагиҳо дар  давраи зимистонгузаронӣ  дар соҳаи маориф муҳайё намудани шароити зарурии таълиму тарбия ба хонандагон  дар мавсими сармо ва фаъолияти мунтазаму самарабахш ба ҳисоб меравад.

Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова

 радиои “Тоҷикистон”