Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон багузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суханронии худ Шӯҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зикр дошт, ки давоми солҳои соҳибитиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо тадбирҳои зиёдеро амали намуданд, ки ин сиёсат дар оянда низ идома меёбад. Бо ҳамин мақсад аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишвар махсусан Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳирри нав омода шудааст, ки баъд аз хулосагириҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ҳамзамон лоиҳаи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» дар таҳрири нав омода шудааст, ки дар ҳоли анҷомёбист. Ба таъкиди иштирокчиён дастовардҳои муҳим дар соҳаи сиёсати кор бо ҷавонон ин ташаккули механизми ҳавасмандӣ ва дастгирии ҷавонон дар шакли ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» тағйиру иловаҳо бо дар назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, истифодаи пешқадами давлатҳо дар сиёсати давлатии ҷавонон, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ба назар гирифта шудааст.

Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”