Шамсиддин Халилзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар

Шамсиддин Халилзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки тибқи нақша-чорабиниҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонӣ гузаронида мешавад. Ба гуфтаи ӯ бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳри Бохтар то имрӯз зиёда аз 30 маротиба “Аксияи тозагии маҳал”, “Аксияи тозагии соҳил” ва “Аксияи тозагии роҳҳо” гузаронида шудааст. 

Мавсуф иттилоъ дод, ки дар ин чорабиниҳо бо ёрии техникаҳои идораҳои комуналӣ зиёда аз 85 метри мукааб партовҳо бароварда шудаанд.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар мавсими соли 2020 – 2021 шинонидани зиёда аз 15 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ ва 1 миллиону 650 ҳазор бех гулу буттаҳо, 20 ҳазор метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабзро ба нақша гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта бо мақсади иҷрои нақшаи кабудизоркунӣ – ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар 5 мазеи ҳудуди шаҳр аксияи ниҳолшинонӣ баргузор карда шудааст

Нуралӣ Давлат, Маҳмадалӣ Акрам

 радиои “Тоҷикистон”