Дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва омӯзишии шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доктор Ораш Алоӣ  ба рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ дарси омӯзишӣ дар мавзӯи бемори сироятии COVID-19 доир намуд.

“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии коронавирус ба ташвиш овардааст. Тибқи маълумоти оморӣ ин беморӣ дар солҳои пеш низ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шуда буд. Риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ беҳтарин усул барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 мебошад-“,  мегӯяд роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва омузишии шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доктор Ораш Алоӣ.

Ҳамчунин дар рафти доктор Ораш Алоӣ ба рӯзноманигорони роҳу равиш ва назокатҳои иттилоърасониро ба ҷомеа дар ин замина тавсия дод. Ба пиндори ӯ бо расидани фасли сармо хуруҷи дубораи ин беморӣ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин риояи қоидаҳои беҳдоштиро  дар мадди аввал бояд гузошт.  Ораш Алоӣ дар мавриди COVID-19 дар Тоҷикистон зикр намуд, ки як сабаби ин аст, ки 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ намуда, аҳолии шаҳр камтар мебошад ва дар деҳот мардум бештар дар фазои кушод аз боду ҳавои  тоза нафас мегиранд. Ин вижагӣ яке аз омилҳои асосии камтар ба бемории коронавирус гирифтор шудани аҳолӣ мебошад.

Доктор Ораш Алоӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло шумораи нафароне, ки дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, зиёд ба назар мерасад. Инчунин бо омадани фасли сармо мардум дару тирезаҳои утоқҳои корӣ ва хонаҳоро пӯшида, ҳароратро аз 18 дараҷа зиёд мекунанд, ки инҳо сабаби авҷ гирифтани бемории COVID-19 шуда метавонанд.

Ширин Тоҳирӣ

радиои Тоҷикистон