Аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб сарнайзаи дорои таърихи беш аз 5000-сола ёфт гардид. Дар ин бора  маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод.

Сарнайзаи беш аз панҷҳазорсола баъди бозёфту таҳқиқ ва пажӯҳиши ҳамаҷонибаи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ аз ҷониби ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои тоҷик Абдураҳмон Муҳаммад ва ҳайати ҳамроҳонаш-директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Насруллоҳ Убайдулло, мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Нуриддин Сайфуллоев ба директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» Ҳотам Асозода супорида шуд.

Тавре Ҳотам Асозода иброз дошт, соли 2021 бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамкории Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии Кӯлоб экспозитсияи мукаммали 5-ҳазорсолагии Кӯлоб ташкил ва барои тамошо пешниҳод карда мешавад.