Ба навиштаи сомонаи  potokmedia.ru  пулиси  ҷумҳурии Чехия рӯзи 25 ноябр эълом кард, дар ҷустуҷӯи гавазнb ваҳшӣ аст, ки  бо як туфанги шикорӣ дар наздикии шаҳри Ческе-Будеевисе  аз назди як шикорчӣ гурехтааст.

Ба  гуфтаи полис туфанги як шикорчӣ дар миёни шохи ин гавазн гир карда аст. Талоши полис барои ёфтан гавазн то кунун бенатиҷа будааст.  Як  шикорчӣ  ҳангоме,  ки қасди шикори гавазнро дошт, аз сӯйи ин ҳайвон мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Бино ба эъломи полис гавазни ваҳшӣ пас аз он ки мутаваҷҷеҳи ҳузури як саг дар маҳал шуд, ба сӯи шикорчӣ ҳуҷум оварда, бо убур аз болояш остини чапи ӯро пора кард.

Дар  ҳамин ҳангом туфанги шикорчӣ,  ки бар шонаи чапаш қарор дошт,  бар рӯйи шохи гавазн афтод ва ба ин тартиб ин ҳайвон бо туфанги шикорчӣ фирор кард.

Як шикорчии дигар гуфтааст, ки ҳудуди як соат баъд дар як километрии маҳали ҳодиса гавазниро бо туфанг дар миёни шохҳояш мушоҳида кардааст. Полиси ҷумҳурии Чехия аз шаҳрвандон хостааст, дар сурати мушоҳидаи гавазни мазкур бо масъулон тамос бигиранд.

Ческе-Будеевисе дар ҷанубу ғарбӣ ҷумҳурии Чехия воқеъ аст .