Сараграноми кооперативи истеҳсолии “Эшбек Саттров” –и  ноҳияи Дӯстӣ  Раҳматалӣ Ҷаборов мегӯяд,  бо вуҷуд он ки замин кишт бо воситаи мошинҳои обкаш обёрӣ мешавад, аммо хоҷагӣ дар миқёсӣ ноҳия пешсаф аст.

Тавре Раҳматалӣ Ҷаборов дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки мо заминҳои кишт самаранок истифода мебарем. “ 70 фоизи заминҳои хоҷагии мо тариқи мошинҳои обкаш обёрӣ карда мешавад. Бо вуҷуди ин кормандони мо шабонарӯзӣ заҳмати софдилона мекашанд то ягон порча замини корам холӣ намонад. Танҳо аз кишти такрории маккаи дон мо 80 сентнерӣ ҳосил гирифтем”- иброз медорад ӯ.

Роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ ба мо иттилоъ доданд, ки имсол дар майдони 7 ҳазору 574 гектар пахта кишт карда, 16 ҳазору 966 тонна истеҳсоли ин зироатро пеши худ гузошта буданд.  Ба  гуфтаи масъулон нақшаи истеҳсол 100 фисад таъмин гардида, муқоиса ба соли гузашта 288,2 тонна зиёд мебошад. Тибқи иттилоъ ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 22,40  сентнериро ташкил менамояд. Миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ кооперативи истеҳсолии “Эшбек Сатторов” ва хоҷагии тухмипарварии “Эргаш Султонов”,  миёни ҷамоатҳо, ҷамоати 20 солагии Истиқлолият, Нури Вахш ва Деҳқонобод пешсаф будаанд.

Раҳматалӣ Ҷабборов сараграноми кооперативи истеҳсолии “Эшбек Сатторов”

Роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти имсола Раҳматалӣ Ҷабборов сараграноми хоҷагии “Эшбек Сатторов”  ба таври зайл иттилоъ дод: “Хоҷагии мо фаъолияти худро асосан ба кишти пахта равона намудааст. Имсол аввалин маротиба пунбадонаи навъи туркӣ кишт намудем, ки ҳосили назаррас дод. Ҳосилнокии пахта имсол аз ҳар гектар ва навъи киштшуда аз 42 то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст овардем”.

Имрӯзҳо деҳқонони кооперативи истеҳсолии “Эшбек Сатторов” ба кишти як қатор зироатҳо машғул мебошанд. Ба гуфтаи Раҳматалӣ Ҷабборов сараграноми хоҷагӣ интихоби тухмӣ дар бадаст овардани ҳосили баланд хеле муҳим мебошад: “Имрӯзҳо мо ба кишти ғалладонагиҳо машғул мебошем. Қариб 50 фоизи нақшаро иҷро намудаем. Ғайр аз ин пиёз, карам, лаблабу ва сабзӣ кишт намуда истодаем, ки то охири фасли баҳор пурра пухта мерасанд”.

Ҳамин тариқ аҳли заҳмати хоҷагии “Эшбек Сатторов” –и  ноҳияи Дӯстӣ аҳлона заҳмат кашида истодаанд. Мутахассисони таҷрибадори коперативи истеҳсолии мазкур тухмӣ, шудгори босифат, киштгардон, муҳлати кишт, обмонӣ, коркарди байни қаторҳо ва чанде аз дигар корҳои агротехникиро омили фаровонҳосилӣ меҳисобанд.

Нуралӣ Давлат, Маҳмадалӣ Акрам

радиои “Тоҷикистон”