Бархе расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ судури раводид барои шаҳрвандони Эрон, Афғонистон ва  ёздаҳи кишвари дигарро, ки умдатан кишварҳои мусулмоннишин ҳастанд, муттавақиф карда аст.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Рейтерс” мутобиқи санаде, ки нусхае аз он ба ин хабаргузорӣ  расидааст,  Аморот судури раводиди ҷадид барои шаҳрвандони 13 кишвар аз ҷумла Эрон, Сурия, Сомалӣ, Алҷазоир, Кения, Ироқ, Лубнон, Покистон, Тунис ва Туркияро муттавақиф карда аст.

Хабаргузории “Рейтерс” мегӯяд,  мутобиқи санаде, ки барои бархе аз ширкатҳои тиҷории Аморот фиристода шуда, барои таваққуфи судури визаи ҷадид ба як бахши давлатӣ истинод шудааст, ки аз 18  ноябр  лозимулиҷро будааст.  Бар асоси ин гузориш судури визо барои мутақозиёни раводиди корӣ ва боздид аз Аморот ҳам барои шаҳрвандони  Афғонистон, Либия ва  Яман то итилоъи сонавӣ ба ҳолати таълиқ даромада аст.

Манобеи расмӣ дар бораи  далели эъмоли ин маҳдудият изҳори назари расмӣ накардаанд,  аммо хабаргузории “Рейтерс” аз қавли фарде,  ки ба номаш ишорае нашуда,  гуфтааст ин вазъият ба далели мулоҳизоти амниятӣ аст ва интизор меравад барои муддати кӯтоҳ иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба тозагӣ бо одисозии равобити худ бо Исроил, расман бо ин кишвари равобити сиёсиву тиҷорӣ барқарор кардааст. Аморот пас аз Миср ва  Урдун, сеюмин кишвари исломӣ аст,  ки мавҷудияти Исроилро пас аз ҷанги шашрӯзаи аъробу Исроил ва  ишғоли бархе аз сарзаминҳои арабӣ,  ба расмият ме‌шиносад.

Ин дар ҳолест, ки Аморот дар чанд даҳаи ахир маҳалли истиқрори ширкатҳо ва  сармоягузорон аз кишварҳои ҳамсоя,  аз ҷумла Эрон шуда аст. Ба  ғайр аз алоқаи бархе аз корофаринон ва  бозаргонони эронӣ ба фаъолият дар Аморот, ба далели даргир будани Эрон бо таҳримҳо, ҳамкорӣ бо Аморот ва  фаъолияти иқтисодӣ дар ин кишвар ҳаётӣ аст.

Аз сӯи дигар мақомҳои эронӣ аз Аморот бобати шиносоии мавҷудияти Исроил ва барқарории робитаи расмӣ бо он,  ба тундӣ интиқод кардаанд. Бо назардошти ин равобити Эрон ва Аморот дар ҳоли ҳозир то  ба сатҳи кордор таназзул кардааст .