Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти Рашт 315 адад иншооти таиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки баштари иншоотҳо  бунёди, мактабу синфхонаҳои иловагӣ,  марказу хонаҳои саломатӣ, варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаҳои ҳусн, ҳаммом ва дигар иншооти беҳтарсозии сатҳи зиндагии сокинон мебошанд.

Тибқи иттилои масъулин то имрӯз 220 иншоти муҳими хоҷагии халқ сохта ба истифода дода шудааст. Айни ҳол корҳои сотмонӣ дар иншотҳои чашнӣ бо сифати баланд идома дошта ҳамаи шароитҳо барои пеш бурдани корҳои сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст, то бинокорон дар муҳлати муаянгардида корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд. Дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бо саҳми соҳибкори махаллӣ  сохтмони бинои муассисаи таълимии ду ошёна  барои 600 нафар хонанда идома дорад. Имӯзҳо  таъмиру аз навсозии шуъбаи чароҳии беморхонаи марказӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроия идома дорад.

Хайрулло Ғиёсов, мудири шуъбаи чароҳии беморхонаи марказии ноҳияи Рашт

Тавре аён гардид сокинони ноҳияи Рашт бо меҳнати созанда бунёдкорона ва бунёди иншоотҳои нав  баҳри дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил намудани чашнҳои дар пеш истода аҳлона заҳмат мекашанд. Дар ин хусус мудири шуъбаи чароҳии беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Хайрулло Ғиёсов дар суҳбат ба мо гуфт, ки: “ Шӯъбаи ҷароҳии беморхона солҳои зиёд буд, ки ба таъмири куллӣ ниёз дошт. Хушбахтона бо таваҷҷуҳи ҳукумат ва мақомоти иҷроия идораҳои шӯъба пурра аз таъмир бароварда шуд, ки барои мо табибон як тӯҳфаи арзанда мебошад”.

  

Бо вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ симои деҳоти ноҳияи Рашт ҳусни тоза гирифта, оғози иншоотҳои нав ба пайдо шудани ҷойҳои кории нав мусоидат менамоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳама кўшишу имконияташро баҳри он сафарбар кардааст, ки нақшаву уҳдадориҳои қабулкардаро дар давоми соли 2020  таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишваро дар амал татбиқ намояд.

Нуралӣ Давлат,  Фазлиддини Маҳадбек

радиои “Тоҷикистон”