Масъулини хоҷагии чангали вилояти Суғд дар барбари ҳифзи майдони ҷангал дар бунёд ва зиёд намудани боғҳои мевадиҳанда саҳми арзанда мегузоранд. Тибқи иттилои масъулин масоҳати буттазори хуч сол аз сол зиёд карда мешавад.

Майдони хучзори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд сол аз сол афзоиш меёбад. Танҳо соли ҷорӣ  20,5 гектар  боғоти хуч бунёд ва барқарор карда шудааст. Кобили қайд аст, ки  бо дастгирии давлату ҳукумат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Чун иттилоъ дода шуд   то соли оянда  дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят танҳо дар заминҳои хоҷагии ҷангал бунёду баркарор намудани 62 гектар  хучзор ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳо танҳо давоми солҳои 2020 – 2021  бунёди 44 гектар  боғоти нав  бо шинонидани  наздик 37000 бех хуч ва 18 гектар боғоти кӯҳнаи  аз ҳисоби буттаҳои хуч  зиёд карда мешавад. Ҳамчунин  дар канори  боғҳову канори роҳҳо шинонидани  11 ҳазор бех хуч ба нақша гирифта шудааст. Дар вилояти Суғд ба масъалаи зиёд намудани майдони хуч таваҷҷуҳи хоса равона шудааст,  зеро ин номгӯи маҳсулот ҳам серҳосил ва ҳам ба саломатии  инсон фоидаовар аст.

Фаёз Назаров, мутахассисаи бунёди ҷангали  муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

Дар ин замина дар ноҳияҳои Ашту Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент    сол аз сол майдони растании хуч зиёд карда мешавад. Мутахассисаи бунёди ҷангали  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд   Фаёз Назаров гуфт, ки: “ Имсол дар муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд 20, 5 гектар майдони буттаҳои хуч бунёд карда шудааст. Мо нақша дорем, ки боз иловатан дар майдони 62 гектар буттаҳои хучро шинонем. Дар Вилоят асосан ду намуди хуч, ки аз ҷониби Институти тадқиқотии илмии хоҷагии ҷангал пешниҳод шудааст, парварш карда мешаванд. Ду навъи пешниҳодшудаи хуч ки “шаҳло” ва “гулбута” ном доранд, баъди ду солагӣ ба ҳосил медароянд ва дар синни 4 – 5 солагӣ, аллакай 6 киллоӣ  ҳосил медиҳанд”.

Хуч бо хусусияти шифобахшии худ миёни тамоми аҳолии дунё маъмулу маъруф аст. Он низ хосияти пурқувват кардани иммунитетро дошта, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ беҳтарин даво дониста шудааст. Гирифторони бемориҳои рагу дил ва фишорбаландӣ, гурдаву ҷигар ва рӯда метавонанд аз он истеъмол намоянд, то бемории худро бартараф созанд. Истифодаи  хуч ё насрин  дар тибби  халқии  тоҷикон низ  машҳур  аст.

Муйиддин Мараҷабов, роҳбари хоҷагии ҷангали  ноҳияи Ашт

Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд маълумот доданд, ки дар вилоят бе назардошти хоҷагии ҷангал худуди 500 гектар майдони хуч мавчуд аст. Дар  ҳудуди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  18  намуди  хуч инкишоф  меёбад, ки 15 намудаш  худрӯй мебошад. Дар робита ба ин  роҳбари хоҷагии ҷангали  ноҳияи Ашт Муйиддин Мараҷабов чунин гуфт: “ Дар ноҳияи Ашт майдони хуч беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагии ҷангали ноҳия мо дар майдони 5 гектар буттаҳои хучро шинонидем. Таваҷҷуҳи мардум ба парвариши ин навъи ниҳол зиёд шуда истодааст ҳатто сокинон дар ҳавлиҳои худ хуч парвариш намуда истодаанд”.

Мардуми  мо  дар  рӯзгор  ва  истеҳсолот  хучи  тару  тоза  парварида ва  хушконидаи онро  барои  сервитамин гардонидани маҳсулоти  қаннодӣ  истифода  мекунанд. Аз  меваи  хуч  афшура, шарбат, муррабо, ва  мармилод  тайёр  мекунанд. Дар  саноати  озуқа  аз  хуч  меваҳои  серғизо  омода  мекунанд. Дар  соҳаи  дорусозӣ аз он шарбат ва қиёми обакӣ  истеҳсол менамоянд. Меваи  хушки  онро  дар  қуттиҳо  гузошта, мавриди  истифодаи  халқ қарор медиҳанд, ки  ҷавобгӯи  стандарти ҷаҳонӣ  мебошад.Танхо аз хисоби  майдони хучзори хоҷагии ҷангали вилоят соли ҷорӣ 50 тонна маҳсулот ба даст оварда шудааст.

Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова

радиои “Тоҷикистон”