Имрӯз дар толори  Академияи ВАО бо иштироки  аввалин наттоқи телевизиони “Тоҷикистон” Рафоат Абдусаломова ҳамоиш таҳти унвони «Мактаби таҷрибаҳо» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур рӯзноманигор ва донишуёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии  ба номи  Партов Буйдоқ иштирок доштанд. Дар оғози ҳамоиш  Рафоат Абдусаломова дар бораи фаъолияти эҷодии худ дар телевизион ва нозукиҳои касби журналистӣ  бо донишҷуён иброз намуда гуфт, ки «имрӯз журналисти телевизионро мебояд дар баробари нутқи буро доштан бояд барномаҳое пешниҳод намояд, ки писанди  бинандагон гардад».

Маврид ба зикр аст, ки  ҳамоиши «Мактаби таҷрибаҳо»  барои баланд бардоштани  малакаи  касбии рӯзноманигорони ҷавон ва тайёр намудани мутахассисони соҳа ташкил карда шудааст.

 Ширин Иноятова

радиои “Тоҷикистон”