Соли  равон  барои фарҳангиёни  ноҳияи Файзобод  хеле хотирмон хоҳад буд. Зеро  аҳли фарҳанги ноҳия ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаанд.  Онҳо   тайёриҳоро ба ҷашни дарпешистодаи 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   хеле  хуб  вусъат дода,    мекушанд, то нақшаҳои дар ин самт  таҳия намудаашонро   иҷро намоянд.  Хусусан фаъолияти онҳо дар ташкилу баргузории даври ноҳиявии  озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  чашмрас буд. Ҳамин аст, ки  намояндагони   ноҳияи Файзобод  дар даври минтақавӣ ва  ҷумҳуриявии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  бо натиҷаҳои намоён ноил шуданд.

Аз муваффақияту  корҳои анҷомдодаи кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия тайи ин муддат  зимни суҳбат бо мо мудири бахши фарҳанг Кароматулло Соҳибназаров бо изҳори қаноатмандӣ чунин иттилоъ дод : Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии

Аҳмадшоҳ Қурчиев, яке аз ғолибони Озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”

Тоҷикистон дар бобати ташкил кардани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мо кормандони аҳли фарҳанг масъулияти баланд зоҳир  намудем. Озмунҳои мазкур дар сатҳи ноҳия хуб гузашт. Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 51 довталабро фаро гирифт, ки бештаринашон,   хонандаҳои  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буданд.   Аз миёни 151 нафар довталаб чордаҳ нафар ба озмуни минтақавӣ, ки дар  шаҳри Ваҳдат гузашт, роҳхат дода шуд ва инҷо панҷ нафари онҳо   ҳамчун довталабони даври ҷамъбастӣ дониста шуданд. Даври ҷамъбастии озмуни мазкур то 10 декабри соли 2020 дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Намояндагони мо дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявӣ низ, ки дар шаҳри Ҳисор барпо гардид, фаъол буданд. Инҷо миёни ҳаваскорони санъати фарҳанги 8 ноҳия 6 нафар фиристодаҳои мо: ду нафар – Қурчиев Аҳмадшоҳ ва Раҳимов Фаррух,  яке дар оҳангсозӣ, дигаре дар овозхонӣ ҷойи якум; ду нафар – Қурчиев Акрамшоҳ ва Убайдзода Рамзатулло, ҳарду дар жанри навозандагӣ (аввали дар навозандагии эстрадӣ, дуввумӣ дар жанри академикӣ) ҷойи дуюм; ду нафар – Зубайдзода Ҳадятулло ва Шомаҳмадов Муҳандис яке дар жанри навозандагии академикӣ, дигаре дар навозандагии жанри анъанавӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дар даври ҷумҳруривии  озмуни   – «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бошад дар номинатсияи оҳангсозии жанри анъанавӣ намояндаи  ноҳияи мо  Қурчиев  Аҳмад  бо оҳанги  “Навои Файзобод” мақоми дуюмро сазовор шуда бо дипломи дараҷаи  дуюм ва  мукофот дар ҳаҷми  30 ҳазор сомонӣ мушарраф шуд. Ҳамчунин дар номинатсияи сарояндагӣ дар жанрт эстрадӣ  Раҳимов Фаррух  ширкат намуда, бо дипломи  раиси  комиссияи тадорукот  Раҳмонзода Абдуҷаббор сазовор шуд ва ин муваффақиятҳо  дастоварди хеле калони  фарҳангиёни   Файзобод аст”.

 Мавриди зикр аст, ки сокинони ноҳияи мазкур  бо номҳои устод Бозор Собир, Усмон Шарифзода, дигар эҷодкорон, инчунин санъаткорони соҳибном  Нигина Рауфова, Дӯстмурод Алиев, Қиёмиддин Чақалзода ифтихор карда, кӯшиш менамоянд, ки аз миёни мардуми ноҳия чеҳраҳои нави адабиёту фарҳанг рӯ зананд. Бо ҳамин ният ба тамоми озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ҷиддан тайёрӣ дидаанд.

 

Нуралӣ Давлат, Низомиддин Шамсиён

радиои “Тоҷикистон”