Акс аз интернет

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақша чорабиниҳо  оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси олӣ аз 26 декабри соли 2019 дар бораи самтҳои асосии рушди устувори муассисаҳои соҳаи фарҳанг, таҷдиди инфрасохтору таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа, ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи  самарабахши  нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат дарҷ гардида буданд, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта таъкид дошта буданд, ки «роҳбарони тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд ки  бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо  намоянд». Дар робита ба дастуру супоришҳои Сарвари далат сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Мирзоалиев ба радиои “Тоҷикистон” иброз дошт, ки дар ин самт Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар вазорату идораҳо ва ташкилоту  корхонаҳо китобхонаҳои замонавиро ташкил намуд. Дар ин китобхонаҳо  487 нафар корманд бо ҷои кор таъмин гардиданд,  аз ҷумлаи онҳо 81 нафар дорои маълумоти олии тахассусӣ, 184 нафар маълумоти олии умумӣ, 168 маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ, 22 нафар миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ ва 32 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ   мебошанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Нуралӣ Мирзоалиев  имрӯз барои мукаммал гардонидани  фонди китобхонаҳо,  аз ҷониби роҳбарияти вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муаасисаҳои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, бо адабиёти тозанашр таъмин гардидаанд. Аз ҷумла дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фонди 6500 нусха, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 3800 нусха ва Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»  бо теъдоди 1712 нусха китоб таъмин гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди адабиву маънави ташкил ва баргузор  гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст» бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг  ҷиҳати тақвияти корҳои ташкиливу назорати таъсис гардида, ситоди ҷумҳурияви  дар назди Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” ташкил шудааст.

Ширин Тоҳирӣ

радиои Тоҷикистон