Давлати  Афғонистон дар вокуниш ба тасмими тозаи Амрико барои коҳиши неруҳои низомиаш дар ин кишвар, эълом кард ки “барои маҳви комили гурӯҳҳои террористӣ ва ҷилавгирӣ аз ин ки Афғонистон ба пойгоҳи амни ин гурӯҳҳо табдил  нашавад, ин кишвар ба ҳамкории Амрико ва  нерӯҳои НАТО ниёз хоҳад дошт”.

Бар асоси дастури тозаи Доналд Трамп президенти Амрико, қарор аст то рӯзи 15  январи 2021 теъдоди неруҳои амрикоӣ дар Ироқу Афғонистон ба 2500 нафар коҳиш ‌ёбад .

Сидиқ Сидиқӣ сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, рӯзи 17 ноябр  дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, бо он ки нерӯҳои афғон зарфияти кофӣ барои таъмини амнияту раҳбарии амалиётҳои низомиро касб кардаанд, аммо барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ба ҳамкории Амрико ва НАТО  ниёз хоҳанд дошт .

Сидиқӣ  дар идома афзуд, ки барои давлати Афғонистон идомаи ҳамкориҳои моливу сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафи таҳаққуқи манфиатҳои муштарак ва таъмини амнияти Афғонистону ҷомеаи ҷаҳонӣ , муҳим аст .

Сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистони дар идома гуфт,  ки равобити Афғонистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва  созмони НАТО   устувор бар манфиатҳои муштарак аст ва таъмини амнияти Афғонистону амнияти муттаҳидини Афғонистон, аслу меҳвари ин мушорикатро шакл медиҳад .

Бояд гуфт, ки рӯзи 17 ноябр ҳамзамон бо хабари эъломи коҳиши неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон, Кристофер Миллер сарпарасти вазорати дифои Амрико бо Муҳамади Ашрафи Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода аст.

Раёсати  ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 18 ноябр  бо нашри хабарномае гуфта аст, ки дар ин муколамаи телефонӣ, ду тараф дар робита ба равобити ду кишвару раванди сулҳ суҳбат карданд. Ба  нақли  ин манба, сарпарасти вазорати дифои Амрико ҳамчунин ба ҳимояти давомдор нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон таъкид карда аст.

Аз сӯи дигар Асадуллоҳ Холид номзади Вазорати дифои Афғонистон, дар вокуниш ба ин тасмими Амрико гуфтааст, ӯ бовар надорад, ки тамоми неруҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва мумкин дар арқоми ин неруҳо коҳиш ва  ё ҳатто афзоиш дида шавад .

Асадуллоҳ Холид таъкид кард,  ки дар сурати хуруҷи тамоми неруҳои хориҷӣ, низомиёни афғон тавони дифои мустақилона аз ин кишварро дорад. Сарпарасти  вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки неруҳои артиши ин кишвар дар ҳоли ҳозир 96 дар сади амалиётҳоро мустақилона иҷро мекунад.

Аммо  Мирзо Муҳамад Ёрманд, муовини пешини Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, муътақид аст, ки хуруҷи ғайримасъулонаи неруҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон,  мушкилотиро ба вуҷуд хоҳад оварад.

Ба бовари вай, бо он ки низомиёни афғон дар ду даҳаи гузашта обу тоб ёфтаанд,  аммо ин неруҳо ҳануз ҳам ба кумакҳои ҳавоӣ ва кашфи электронӣ  ба нерӯҳои хориҷӣ, вобаста ҳастанд .

Ин дар ҳолест, ки ҳамзамон бо хушунатҳо дар Афғонистон, Роберт Обрайен мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико, рӯзи 17 ноябр эълом кард, ки вазири дифои муваққати ин кишвар дастури коҳиши умдаи неруҳои низомии Амрико дар Ироқу Афғонистонро содир кардааст.

Пентогун пештар бо коҳиши теъдоди неруҳои худ дар Афғонистон то сақфи 5500 нафар мувофиқат карда буд ва хуруҷи неруҳои бештарро ба ду шарт вобаста карда буд, яъне коҳиши хушунатҳои Толибон алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон ва  қатъи комили робитаи миёни Толибон ва  Алқоида.

Ду шарте ки ҳеч кадом ҳануз иҷро нашудааст, аммо ба гуфтаи мақомҳо дар Пентагон, онҳо акнун бо коҳиши теъдоди неруҳо ба сақфи 2500 нафар мувофиқанд,  зеро ки онро гузинаи беҳтаре аз он чӣ Трамп дар твитер мунташир кардааст, медонанд,  яъне  хурӯҷи комили нерӯҳо аз Афғонистон то ҷашни милоди Масеҳ дар рӯзи 25 декбар.

Аммо Йенс Столтенберг дабири кулли НАТО, гуфта аст “хурӯҷи ноҳамоҳанг ё зудҳангоми нерӯҳо хароҷоти изофии беҳударо ба думбол хоҳад.”  Столтенберг дар баёнияе гуфт, ки хатари табдили Афғонистон ба пойгоҳе барои тераристони байналмилалӣ барои тартиб додани ҳамлаҳо вуҷуд дорад.  Созмони НАТО 12 ҳазор неруи низомӣ дар Афғонистон дорад,  ки сарбозони амрикоӣ ниме аз нерӯҳои НАТО дар ин кишварро ташкил медиҳанд ва ними дигар ба 30 кишвари узви ин созмони низомӣ, таъалуқ доранд .

Аз сӯи дигар генерал Френк Маккензӣ  фармондеҳи фармондеҳии марказии артиши Амрико  дар гузашта ҳушдор дода буд, ки хуруҷи шитобзидаи Амрико аз Афғонистон метавонад музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва  Толибонро тазъиф кунад .

Илова  бар ин  Митч МакКоннелл, раҳбари аксарият дар Сенати ИМА рӯзи 16-уми ноябр, аз коҳиши босуръати сарбозон дар ин кишварҳо ҳушдор дод.  МакКоннелл, гуфтааст, ки ба чунин шакл кам кардани нирӯҳо ба тундгароҳо баҳона мешавад, ки таблиғоти пирӯзии худро ба роҳ монанд.

Ба андешаи ин сенатор, намоиши саҳнаҳое аз тарки пойгоҳҳову берункашии таҷҳизоти низомиёни амрикоӣ “ба ҳайси мағлубияту таҳқири ИМА ва пирӯзии тундгароии исломӣ талаққӣ хоҳад шуд”.

Бояд гуфт, ки моҳи феврали соли ҷорӣ , гурӯҳи Толибон пас аз ду соли музокира бо давлати Доналд Трамп бо Амрико тавофуқномаи сулҳ имзо кард ва  ин умедвориро ба вуҷуд овард, ки хушунатҳо дар Афғонистон коҳиш хоҳад ёфт.  Аммо  хушунатҳои ахир, ҳамчун ҳамла ба донишгоҳи Кобул, уфуқи сулҳ дар Афғонистонро як бори дигар тира карда аст.