Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ситоди доимӣ фаъолият  дошта, чорабиниҳои тарғиботӣ чиҳати пешгирии паҳншавии бемории каронавирус ва безараргардонӣ идома дорад, вале имрӯз қодаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби бисёр сокинон риоя намегардад.

Ҷаҳонгир Зокиров, сардори Маркази назорати давлатии сантирию эпидемиологии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Паст шудани  ҳарорати ҳаво метавонад боиси  хуруҷи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла каронавирус гардад. Дар кучаҳо, ҷойҳои серодам ва  боғу хиёбонҳо гашту гузори  ашхоси бениқоб имрӯз ба назар мерасад, ки  метавонад барои хуруҷи дубораи ин беморӣ оварда расонад. Зеро  дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мавҷи дуюми бемории сироятии ковид 19 ба қайд гирифта шудааст ва  мутахассисони соҳаи тиб  сабаби хуруҷи  навбатиро дар  омилҳои гуногун, аз ҷумла беэътиноии аҳолӣ  ба қоидаҳои беҳдоштии  шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили  истифода накардани ниқоб ва риоя нашудани фосилаи иҷтимоӣ арзёби мекунанд. Дар ин хусус сардори Маркази назорати давлатии сантирию эпидемиологии ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҷаҳонгир Зокиров гуфт, ки: “Ба аҳолӣ тавсия медиҳем, ки реҷаи ниқобӣ ва  фосилаи иҷтимоиро ҳамарӯза риоя намоянд. Мо мушоҳида менамоем, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ одамон зиёд ва зич ҷамъ мешаванд, ки ин ҳолат ба хуруҷи зиёди беморӣ боис мегардад”.

Ёдовар мешавем, ки   мутобиқ ба  қарори ситоди ҷумҳуриявӣ  бо дарназардошти  тадриҷан  ба эътидол омадани  вазъи  эпидемологӣ вобаста  ба сирояти бемории каронавирус дар  ҳамаи корхонаву ташкилот, муаиссаҳои  табобативу  таълимӣ   безараргардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Робия Урунова, табиб

Оид ба нишонаҳо ва роҳҳои пешгирии бемории мазкур табиб Робия Урунова мегӯяд, ки: “ Бемории каронавирус бо табларза, дарунравӣ ва бемадории давомнок оғоз мешавад ва нишонаҳои худро дар вуҷуди одам аён мекунад. Аз рӯзе, ки мутахаасисони тиб бемории мазкурро муйян ва ба қайд гиритфанд, то ба имрӯз тавсияашон барои пешгирии беморӣ ин аст, ки гигенаи шахсиро риоя, фосилаи иҷтимоиро нигоҳ дошта ва ҳатман ниқобҳои тиббиро истифода намоянд. Ба ин хотир набояд мо ба саломатии худ бетараф бошем. Чун, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст”.

Новобаста аз тартиботҳои ҷоригардида ва безараргардонӣ, мутаасифона бархе сокинон   барои пешгирӣ аз интиқолу панҳшавии  бемории каронавирус  бетарфаӣ зоҳир мекунад ва қоидаҳои беҳдошти, шахсӣ ва ҷамъиятиро  риоя намекунанд. Дар акси ҳол  ҳар яки мо бояд қоидаҳои  беҳдоштиро риоя намоем ва ба саломатии худ  аҳамияти  аввалиндараҷа дода  фориғболиро аз даст надиҳем ва ҳангоми ба кӯча, нақлиёт  ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтан ҳатман   масофаи  иҷтимоиро ба андозаи муаян нигоҳ дорем ва ниқобҳои тиббиро бо худ гирем.

Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова

барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”