Дирўз дар «Театри давлатии  академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баргузор гардид. Тавре дар ин хусус хабарнигори радиои «Тоҷикистон» хабар медиҳад, дар маросими туҳфасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Чорабинии мазкур зери садои оҳангҳои тозаэҷоди ҳунармандони ҷавон оғоз гардид.  Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки тайи ду сол ахир дар саросари кишвар Озмуни мазкур бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ ва баргузор мешавад, ки мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷодаи санъату ҳунар мебошад. Сипас ба он нафароне, ки дар Озмун, бо нишон додани ҳунару  маҳорати худ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, ҷоизаву туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

Шоҳҷоизаи озмун, ки 70 ҳазор сомониро дар бар мегирифт, насиби Далер Тиллоев, аз рӯйи наминатисияи “Композиторӣ жанри академӣ гардид. Шоҳҷоизаро  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолиби Озмун супорид. Дар ҷамъбасти чорабинӣ, бори дигар таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  боз ҳам рушд додан ва дастгирӣ намудани соҳибистеъдодҳои наврасу ҷавон тавассути чунин озмунҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳо ба майдони васеи санъату  ҳунар роҳ ёфта, маҳорати худро сайқал диҳанд

Нуралӣ Давлат

радиои “Тоҷикистон”