1171

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Хуршед  Мирзоев бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шуд.

Ин медал ба сержанти хурди милитсия Хуршед  Мирзоев ба хотир тақдим гардид, ки номбура бо ҳисси баланди масъулиятшиноси аз идомаи сӯхторе пешгирӣ, ки миллионҳо сомони зарари молӣ оварда метавонист. Тавре дар хабари Маркази матбуоти ВКД  омадааст, “Ҳодисаи сӯхторе, ки соати 1 шаби 30 ноябри соли 2020 дар маҳаллаи 91 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нуқтаи таомҳои зуд-таёр рух дод, паҳншавии оташ ба мағозаҳои ҳамшафат, бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва бо оқибатҳои миллионҳо сомонӣ зарари молӣ аз эҳтимол дур набуд. Дар ин асно ду тан нозирони бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар суроғаи болозикршуда хизмат мебурданд, алангаи оташ аз назари онҳо пинҳон намонд. Новобаста аз он ки барои пешгирӣ ва хомӯш кардани алангаи оташ таҷҳизот, дастгоҳ ва моеъи махсус лозим бошад ҳам, вале бо дидани чунин ҳодисаи хатарнок нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед Ҷамолиддинович бо чолокӣ, далерию ҳисси баланди масъулият ва садоқати худ ба давлату миллат аз авҷи оташ ва таъсири он наҳаросида оташро аз панҳшавӣ пешгирию хомӯш кард. Гарчанде қисми рости пешонӣ, панҷаи дастони рости у аз оташ осеби сахт дид, вале сержанти хурди милитсия Хуршед Мирзоев савганди ёднамудаи касбии худро ба ёд оварда, садоқату устувории худро дар пешаи интихобкардааш собит намуд”.

1172

Гуфта мешавад, ки масъулият барои ҳар як шахс новобаста аз мақоми мансабӣ метавонад ба дӯст доштани Ватан, ҳисси миллию худшиносӣ ва ҷасорату шуҷоат замина гузорад. Воқеан ҳам чунин омилҳои зикршуда бевосита ба атрофиён, ҷомеа ва давлату миллат манфиатовар гардида, нуфузу эътибори шахсро низ афзуну устувор мегардонад. Бо назардошти чунин далерию шуҷоат, садоқати касбӣ ва қадршиносӣ 10 ноябр – Рӯзи милитсияи тоҷик бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед Ҷамолиддинович бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шуд.