Бо сабаби паҳн гардидани бемории каронавирус нархи маҳсулот ва дигар намуди хизматрасонӣ дар як қатор кишварҳои пешрафта боло рафт. Аз ҷумла бо сабаби баста шудани марзҳои як қатор давлатҳо ва кам гардидани воридоту содироти маҳсулоти сохтмонию ғизоӣ дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нархи маҳсулот боло рафта истодааст.  

Нусратулло Раҳматшоев, мудири шуъбаи савдо ва захираи  КВД бозори” Саховат”

Тӯли як моҳ мешавад, ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар гушаву канори мамдакат зиёд шудани нархи як қатор маҳсулоти ғизоӣ ба мушоҳида мерасад, ки сабаби инро коршиносон ва тоҷирон дар баста будани марзҳои давлатҳои хориҷа маънидод менамоянд. Ба гуфтаи масъулин имрўз нархи он маҳсулоти ғизоие, боло рафта истодааст, ки асосан дар кишвари мо кам истеҳсол мешаванд ё умуман тавлид карда намешаванд. Дар робита ба ин  мудири шуъбаи савдо ва захираи  КВД бозори” Саховат” Нусратулло Раҳматшоев мегуяд: “ Ба ҳамагон маълум аст имрўз тамоми ҷаҳонро бемории КОВИД – 19  фаро гирифтааст, ки ин албатта ба нарху наво низ таъсири худро расонид. Он маҳсулотҳое, ки дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд нархашон боло рафтагӣ нест. Вале он маҳсулотҳое, ки аз хориҷи кишвар аз қабили ор, шакар, равған ва монанди инҳо ворид карда мешаванд нархашон зина ба зина боло рафта истодааст, ки ин боиси таассуф аст. Пеш, ки як халта орд 220 сомонӣ буд имрўз ба 250 сомонӣ расидааст “.

Барои пайгирии мавзўъ мо аз КВД бозори” Саховат” ва КВД бозори “Деҳқон”   аз наздик боздид намуда бо маъмурияти бозорҳои мазкур ҷиҳати ба вуқуъ омадани масъалаи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ суҳбат намудем. Аён гардид, ки воқеан нархи як қатор маҳсулоти истеъмолӣ назар ба як ду моҳ ё як ҳафтаи пеш нарх куллан тайғир ёфтааст. Инҷо саволе пайдо мешавад, ки агар ин раванд идома пайдо кунад пас оё КВД бозори ” Саховат” ё дигар бозорҳои хуроквории шаҳри Душанбе  дар фасли зимистон маҳсулоти лозимаро аз куҷо таъмин карда метавонанд? Ба ин савол  мудири шуъбаи савдо ва захираи  КВД бозори” Саховат” Нусратулло Раҳматшоев чунин ҷавоб дод, ки: ” Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корхонаи наве бо номи “Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба харид захира ва фуруши ниёзи аввалия” мебошад, ки ҳамасола маҳсулоти зиёдро барои сокинони шаҳри Душанбе харидорӣ менамояд ва дар вақтҳои лозима онро ба фуруш мебарорад”.

Пушида нест, ки дар чунин вазъи ба амаломада мутаасифона шахсонеи манфиатҷуе пайдо мешаванд, ки маҳсулоти ғизоиро аз ярмаркаҳои ташкилгардида бо нархи арзон харидорӣ менамоянд  ва баъди чанде дар дигар ҷойҳо бо нархи гарон ва ба худашон хос ба фуруш меброранд. Ҳамсуҳбати мо мудири шуъбаи савдо ва захираи  КВД бозори” Саховат” Нусратулло Раҳматшоев иброз медорад, ки барои пеши роҳи чунин каллобкориро гирифтан аз ҷониби маъмурияти бозор як гуруҳ шахсон фазифадор карда шудаанд ва ин масъаларо пайгири менамоянд: “ Аз ҳисоби кормандони бозор як гуруҳ ташкил намудаем, ки ҳамарўза пайи ин масъала кор мебаранд. Ҳамин тавр он нафароне, ки як маротиба харидорӣ менамоянд дар як рўз имкони дубора хзаридани баъзе маҳсулотҳоро надоранд. Аз ҷумла ҳар як нафар имкон дорад, ки 5 литр равған, 5 килло шакар ва ду халта орд харидорӣ намояд. Фикр менамоям, мо танҳо бо ин восита метавонем сари роҳи чунин фиребкориро гирем”.

Албатта, авҷ гирифтани мавҷи якум ва дуюми бемории каронавирус таъсири худро ба хоҷагии халқи як катор кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон гузошта истодааст. Аз ҷумла ин омил дар кишвари мо низ зина ба зина таъсир расонида истодааст. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мардуми шарифи Тоҷикистонро таъкид намуда буданд, ки имсол бояд ҳар як оила барои давраи зимистони солҳои 2020-2021 омодагии зарурӣ  гирифта барои захира намудани  маҳсулоти ғизоӣ ҷиддӣ бошанд.       

Нуралӣ Давлат

махсус барои сомонаи радиои  “Тоҷикистон”