Ноҳияи Тоҷикобод дар мавзеъи баланкуҳ ҷойгир буда, мавсими сармо дар инҷо барвақтар оғоз мегардад. Бо мақсади дидани чораҳои пешгиркунанда дар назди мақомоти иҷроияи ҳхокимяти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ситоди ноҳияивӣ ташкил карда шудааст, ки аз тарафи он ҳамарӯза баҳри омода намудани хоҷагии халқи ноҳия ба вазъи номусоидии обу ҳаво чораҳои зарурӣ андешида мешавад. 

Зулфиқор Рамазонзода, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод

Тавре дар ин хусус муовини раиси ноҳияи мазкур Зулфиқор Рамазонзода ба хабарнигори минтақавии Радиои Тоҷикистон Фазлиддин Маҳадбеков иттилоъ дод: “ Тибқи нақша  – чорабиниҳо барои бе мушкилӣ паси сар намудани давраи зимистони солҳои 2020 – 2021 талаботи хоҷагии халқи ноҳия ба 9 ҳазор тона  ангишт, 20 тона сузишворӣ ва 5 ҳазор метри кубӣ ҳезум лозим мебошад. Бо ин мақсад дар ҳама ташкилоту муассисаҳо то имрӯз захира намудани маводҳои барои зимистонгузаронӣ омода карда шудааистодаанд. Аз ҷумла дар ноҳия 10 нуқтаи фуруши ангишт, 8 нуқтаи фуруши сӯзишворӣ ва 4 нуқтаи фуруши гази моеъ ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 805 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин маблғ пурра тақсим карда шудааст ва онҳо то ба имрӯз нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намудаанд”.

Сайдалӣ Парвонаев, сардори шабакаҳои барқи ноҳхияи Тоҷикобод

Тибқи иттилои масъулин шабакаҳои барқтаъминкунӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ҳамаҷониба омдагӣ гирифта барои таъмин намудани ташкилоту муассисаҳо бо барқ трансформатор ва хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардаанд. Чуноне дар ин хусус  сардори шабакаҳои барқи ноҳхияи Тоҷикобод Сайдалӣ Парвонаев гуфт: “ Тиқи нақша корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар хатҳои интиқоли барқи 10 – 04 киловолт анҷом дода шуда, симчубҳои куҳнаю фарсуда иваз карда шуд. Дар баробари ин равғани трансформаторҳо ба меъёри лозимӣ пурра таъмин карда шуд. Дар ин давра ҳамчунин кормандони шабакаҳои барқи ноҳия ҷиҳати самранок истифода намудани неруи барқ миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд”.

Диловар Парвонаев, сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Тоҷикобод

Омодагиҳо ба фасли сармо дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия  хуб ба роҳ монда шуда ба иттилои масъулин дар асоси  нақшаи – чорабиниҳо дар анбори муассиса маводи зидилажиш захира карда шудааст.ва техникаҳои муассиса аз таъмир бароварда шуда дар ҳолати омодабош қарор доранд оид ба  омодагии муассиса дар суҳбат ба хабарнигори минтақавии Радиои Тоҷикистон Фазлиддин Маҳадбеков сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Тоҷикобод Диловар Парвонаев чунин хабар дод: “ Дар роҳи аҳамияти байналмилалӣ дошта, ки  аз километри 194 то километри 203 – юм қитъаи хафнок аст, мо маводҳои зарурӣро дар канрони роҳ захира намудем. Ҳамчунин техникаҳои кориро низ таъмир карда дар ҳолати омодабош қарор додаем, ки дар ҳама ҳолат тавонем роҳоро озод нигоҳ дорем”.

Кормандони идораи Хоҷагии манзилии комуналии ноҳия низ  бо мақсади бе мушкилӣ гузаронидани фасли зимистон дар анбори муассиса маводҳои зиди лағжиш ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира намудаанд.  Директори корхонаи Хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи  Тоҷикобод Ҷаҳонгир Ахмадзода зимни   суҳбат иттилоъ дод, ки: “ Ҳамарӯза кормандони корхонаи мо аз соати 06 то 17 – и бегоҳ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кучаҳои ноҳия ва маҳаллаҳо сафарбар мегарданд. Инчунин бо мақсади безарар гардонидани саргаҳҳои оби нушокӣ дар анбори корхона хлори хока захира карда шудааст, ки ҳамарӯза саргаҳҳои оби нушокӣ пурра безарар карда мешаванд. То имрӯз мо алакай дар ҳама қубурҳои обгузар корҳои профилактикиро гузаронидем ва дар ин самт мушкилие дида намешавад”.

Паст шудани ҳарорати ҳаво аз сард омадани зимистон дарак медиҳад. Мавриди зикр аст, ки фасли зимистон дар ноҳияи Тоҷикобод сарду тӯлонӣ аст. Умед ба он мебандем, ки  тадбирҳои андешида имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо фасли зимистонро  бе мушкилӣ сипарӣ менамоянд.

Нуралӣ Давлат, Фазлиддин Маҳадбеков  

    барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”