Деҳқонони ноҳия дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми муносиб доранд. Тавре дар ин хусус масъулини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳия ба хабарнигори минтақавии Радиои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Акрамов иттилоъ дод,  ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ дар ҷамоати мазкур дар сатҳи хуб қарор дорад.  Аз ҷумла Зоҳир Идиев раиси ҷамоати деҳоти  Қумсангир иброз наму, ки: “ Танҳо кишти такрорӣ 625 гектарро ташкил медод, ки аллакай ҷамъоварии он оғоз гардидааст. Дар ин замина ҳамчунин соҳибикрони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе сабзиро аз дасти деҳқон бо нархи 70  – 75 дирам харидорӣ намуда истодаанд”.

Лимупарварӣ дар ноҳияи Ҷайҳун рушд кардааст. Мардуми ноҳия аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст оварда, зинадгии худро таъмин месозанд. Деҳқонони ҷамоати деҳоти Қумсангир низ дар самти лимупарварӣ таҷрибаи бой доранд. Атрофи рушди ин соҳа раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир Зоҳир Идиев чунин иттилоъ дод: “ Дар ҳудуди ҷамоат 48 гархонаи лимупарварӣ сохта шудааст, ки ҳар яки онҳо сол то сол истеъсоли ин навъи меваро зиёд намуда истодаанд. Ҳоло лимуҳои ин гармхонаҳоро соҳибкорони ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон бо нархи 7 сомонӣ харидорӣ намуда ба кишварҳои худ бурда истодаанд. Аз ҳар ниҳоли лимон метавон тақрибан 40 – 50 кило лимон ҷамъоварӣ намуд.  ”

Пахтакорони ноҳияи Ҷайҳун имсол низ аз ҳосили ба дастовардаашон қаноатманд мебошанд. Чуноне ки раиси ҷамоати мазкур дар ин бора иттилоъ дод, онҳо соли равон дар майдони 738 гектар замин кишти пунбадоранро гузронида буданд. Аҳли заҳмат дурнаморо пеш аз муҳлат яъне нуҳуми октябри соли ҷорӣ ба пурагӣ иҷро намудаанд.

Деҳқонони ҷамоати деҳоти Қумсангир барои соли оянд кишти пиёз ва гандумро гузаронида, боварӣ доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меорарнд. Ба гуфтаи Зоҳир Идиев раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир имрӯз ҳамагуна шароит барои кишоварзони ноҳия таъмин аст: “ Аллакай дар масоҳати 920 гектар замин пиёз кишт намудаем, ки то фасли баҳор пухта мерасад. Ҳамчунин дар ҳудиди ҷамоат 350 гектар кишти гандумро ба роҳ мондем. Мушклӣ дар ин самт дар ҷамоати мо мушоҳида карда намешавад. Мардум кор мекунанд ва зиндагияшонро пеш мебаранд.”

Дар умум обу хок ва иқлими ноҳияи Ҷайҳун барои кишоварзӣ хеле мусоид буда, мардуми ноҳия низ таҷрибаи бойи кишоварзӣ доранд. Дар умум тавре ки мушоҳида кардем деҳқонони ноҳия аз фаъолияти имрӯзаи хеш хеле қаноатманд мебошанд.

Нуралӣ Давлат,  Маҳмадалӣ Акрам

барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”