Имрӯз дар вилоят 453 гармхона фаъолият мебарад ва бино ба иттилои  масъулин   дар гармхонаҳо   аз санаи 20 август кор огоз шуда  марҳила ба марҳила   дар онҳо кишту кор амалӣ мегардад.

Дар робита ба ин сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдулазиз Маҳмудзода гуфт, ки: “ Агар барои парваришӣ помидор ва бодиринг ҳарорати 28 -30 градус гармӣ ва рушноию намиро таъмин кунем мо ҳосли хуб ба даст оварда метамонем. Дар сурати риоя накардани чунин талабот ҳозили назаррасро интизор шудан ғайри имкон аст. Барои даромади соф гирифтан пеш аз ҳама деҳқон бояд ба интихоби замин, тухмӣ ва қоидаҳои агротехникӣ диққат намояд” .

Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҳудуди вилояти Суғд ба  истеҳсоли маҳсулот дар гармхона мутобиқ    ба дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори ҷиддӣ дода шуда сол аз сол  ин раванди хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  рушд меёбад. Зеро  бунёду корандозии гармхонаҳо ба татбиқи яке аз 3 хадафҳои созандаву дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба ин восила таъмини бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тоза маҳз дар давраи  тирамоҳу фасли зимистон мусоидат менамояд.

Бо назардошти таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти кишвар, то ба имрӯз   дар масоҳати  наздик 24 гектар  заминҳои  гармхонаҳо   помидору  бодиринг  ва дигар сабзавотҳо кишт карда шудааст. Тавре дар ин хусус раиси кооперативи тиҷоратии “Ҳоҷиалимаҳмад” Абдураҳмон Валиев байён дошт: “ Асосан барои гирифтнаи ҳосилнокии хуби помидор бояд мо қоидаҳои агротехникиро нағз ба роҳ монда, барои озуқаи лозимӣ додан ва ҳимоя кардани он аз ҳар гуна ҳашаротҳои зараррасон бояд муборизаро давом диҳем ”.

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти ташкилу корбастии гармхонаҳо таҷрибаи бой доранд,  зеро дар ин ноҳия имрӯз 163   гармхона мавҷуд аст. Помидору бодиринг, сирпиёзу кабутӣ ва гулҳои рангоранд аз маҳсулотест, ки дар гармхонаҳо кишт ва истеҳсол карда мешавад.

Ба  корандозии гармхонаҳои мавҷуда ва  бунёди гармхонаҳои нав ва мақсадноку самаранок истифода бурдани онҳоро дар   кишту парвариши маҳсулот  кишоварзон аз самти даромадноки соҳа мешуморанд. Дар қисме аз гармхонаҳо имрӯз  маҳсулот тайёр  шуда ба бозорҳо бароварда  мешавад. Чуноне дар ин хусус деҳқонзан Раҳима Тухтаева иброз дошт: “ Мо дар хоҷагии худ 3 (се) гармхона дорем ва дар онҳо асосан помидору бодиринг ва дигар навъи маҳсулот мекорем. Алакай бодирингҳои коридаамон пухта расидаанд ва ҳоло ба бозор бароварда истодаем. Ҳосили бодиринг то моҳи декабр тамом мешавад мо дар замини холишуда зуд кишти помидорро ба роҳ мемонем ва он то моҳи апрел пурра мепазад. Ҳаракат мекунем, ки ҳосилнокии маҳсулотро зиёд шавад”.

Бо максади тамоми фасли сол  бо маҳсулоти тару тоза  таъмин намудани  аҳолӣ  гармхонаҳои доимоамалкунанда  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил гардида  ҳам ба манфиати хоҷагидорон ва ҳам ба  қонеъ намудани талаботи аҳолӣ  нигаронида шудааст. Кишоварзони ботаҷрибаи вилояти Суғд  бо усули иноватсионӣ парвариш  намудани маҳсулотро  бештар намуда сол аз сол  теъдоди гармхонаҳои замонавиро  зиёд менмоянд.

Танҳо соли ҷорӣ  4 гармхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи  пешрафта  дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳри  Конибодом бунёд гардидаанд, ки  баробари  давра ба давра истеҳсолро таъмин намудан  дар фасли зимистон  барои танзими нарх  мусоидат мекунанд. Дар ин хусус собиқадори соҳаи кишоварзӣ Каримҷон Ҷӯраев баён медорад, ки: “ Вақте, ки сабзавоти худӣ зиёд истеҳсол шаваду зуд ба бозор бароварда шавад он вақт албатта, ки нархи он арзон мешавад ва сокинон бо нархи дастрас метмонванд маҳсулоти босифатро харидорӣ намоянд. Таҷрибаҳои корӣ нишон медиҳад, ки баъзе аз шахсони манфиатҷӯ аз дасти деҳқон маҳсулотро бо нархи арзон мехаранд ва баъди чанд муддат нигоҳ доштан онро бо нархи гарон ба дигар минтақаҳо бурда мефурушанд, ки ин албатта қобили қабул нест”.

Истехсоли махсулот дар гармхона   барои танзими нарху арзиши сабзавот дар давраи тирамоҳу зимистон  муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳадафи асосии ҳукумати кишвар ва МИҲД вилояти Суғд  оиди  бунёду барқарорсозии гармхонаҳо  ва самаранок истифода бурдани замини  пешбинишуда ба ин намуди хоҷагидорӣ  низ  фаровонҳосилию ғановати бозор ва дастрасӣ ёфтани сокинон ба маҳсулоти тару тоза дар ҳама давраи сол  аст.

Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова

барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”