Парвиз Пулодӣ, ҳунарманди маъруф ва огоҳи соҳаи филмофарӣ гуфтааст: «Ба назар чунин мерасад, ки ҳаҷви тоҷик баъди таваққуфи Убайдулло Раҷабов раҳгум задааст. Саҳначаҳои гӯё ҳаҷвии ин замонаро мебинаму ҷойи ханда гиряам меояд! Дилам ба забон месӯзад!»

Ин матлаб, ки дар саҳифаи фейсбукии муаллиф гузошта шуд,  ба баҳси фарохи корбарон боис гардид ва нахустин шуда Сармат Сарматов, яке аз истифодабарандагон дар қисмати шарҳи он навиштааст:  «Дар воқеъ, дуруст аст! Мардуми мо бояд инро дарк кунанд. Мо дар муаррифии устодони бузурги соҳа саҳлангорӣ мекунем. Набояд худкуши бегонапарвар бошем»

Дар ин радиф, Соҷида, як бонуи корбар нигоштааст: Бархе ба ном ҳаҷвнигороне, ки имрўз саҳначаҳои ҳаҷвӣ омода мекунанд, аз фарҳангу маданият қафо мондаанд ва аз забони адабӣ бохабар нестанд. Ба таври сатҳӣ саҳначаҳои ба худашон писандро омода мекунанд.

Дар тақвияти гуфтаҳои ин муаллиф, Парвиз Пўлодӣ афзудааст: Аз ҳама нанговараш он аст, ки занҳои тоҷикро дар фазои иҷтимоӣ хиёнатпеша муаррифӣ месозанд. Ҷойи дигар мавсуф ишора намудааст: Куллан дар ҳама жанрҳо бозигарони ҷавони боистеъдод нестанд. Ҳунар худодод аст ва бо омӯхтану таҳсил кардан ба даст намеояд.

Илҳомиддин Ҳакимниё, яке аз мубоҳисон иброз доштааст: Мавқеъ ва нақши ҳаҷв дар таъсири зеҳнии инсон аз лексия, мавъиза, ва ҳама гуна насиҳат бештар аст. Ҳар қадар ҳунари ҳаҷв дар сатҳи баланд қарор дошта бошад, сатҳи тафаккур низ дар ҳамон поя қарор мегирад.

Имомиддин Шамсӣ навиштааст: Ба хотири лайк ва тамошои бештар ин тоифа саҳнаҳое офарида ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта истодаанд, ки ба шариати дини мубини Ислом рост намеояд. Баъзе сухан ва амалҳоеро дар он раво мебинанд, ки ба ахлоқи насли наврас таъсири бад мерасонад.

Зимнан, Далер Расулов, яке аз иштирокдорони баҳс дар хусуси ба ном ҳаҷвнигороне, ки саҳначаҳои омодакардаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Ютуб мегузоранд, ибрози назар намуда, гуфтааст: Онҳо на барои хандаи мардум, балки ба хотири манфиати худ кор карда истодаанд. Мо механдем ё не, муҳим нест, барои онҳо муҳим он аст, ки каме ҳам бошад ибтидои наворро тамошо кунем ва бо ин васила онҳо маблағ ба даст оранд. Воқеан, ин ба фарҳангу маданияти мо як зарбаи сахт расонида истодааст.

Як истифодабаранда дар пояи баҳси зикршуда навиштааст: Ҳаҷвнигорони сатҳи кўча, манзурам онҳое, ки ҳаҷвро ба тиҷорат дар интернет табдил додаанд, номи ҳунармандони ҳирфаии соҳаи филмофариро паст кардаанд. Ҳоло ба мардум актёр бигўӣ, зуд ин тоифаро пеши назар меоранду ришханд мезананд.

Муслиҳиддин Одинаев, яке аз фаъолони иҷтимоӣ сабаби ин муамморо дар надоштани ҳаҷвнависони ҳирфаӣ дониста навиштааст: Сарояндаи хуб ба шеър ва шоири хуб эҳтиëҷ дорад , ҳаҷвнигори хуб ба ҳаҷвнависи хуб!

Бахтиёр Азимӣ ҳам, ки як фаъоли иҷтимоист, дар хотимаи баҳси мазкур назари худро дар робита ба масъалаи мавриди баҳс изҳор дошта, гуфтааст: Сабаби ба сатҳи кўча фаромадани ҳаҷви тоҷик асосан завқи пасти тамошобин аст. Яъне, айни ҳол мардуми тамошобин ҳаҷвро дар ҳамин сатҳ қабул дорад.

Дилшоди Муҳаммад

Радиои “Тоҷикистон”