Гурӯҳе аз кормандони ансамбли бонувони рубобнавози «Чаман»  ба  радиои Тоҷикистон занг зада, аз он шикоят намудаанд, ки бидуни кадом асоси воқеӣ 10 нафар бонувони рубобнавози собиқадори ин Ансамблро аз кор озод кардаанд.

Ансамбли бонувони рубобнавози «Чаман» аз соли 1938 ин ҷониб  фаъолият дошта, айни замон дар тобеияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев аст. Ҳалима Ҳоҷибоева, яке аз бонувони ин ансанбл, ки ӯ низ аз кор озод шудааст, дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфтанд, кибеш аз сӣ сол мешавад, ки дар ин ансамбл кор мекунем ва  дар ин муддат чандин аттестатсия ва санҷишро бо муваффақият гузаштем, вале  се соли дигар барои  нафақабароӣ мондааст, моро аз кор пеш кардаанд”.

Зимни пайгирии ин мушкилӣ бо Ҷамшед Эргашов ҷонишини аввали директори Филармонияи давлатии  Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев суҳбат намудем. Номбурда дар суҳбат ба мо гуфт, ки кормандони ансамбли бонувони рубобнавози «Чаман» баъди санҷиши дохилӣ, бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани касбияти рубобнавозон, фармони аз кор озод шудани онҳо содир шуд”.

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Саидзода ҳуқуқшиноси Федератсияи Иттифоқи Касабаи мустақили Тоҷикистон гуфт, ки кормандони аз кор озодшуда бояд аз тариқи  муроҷиат ба иттифоқи касабаи кормандони Филармония ва баъдан Вазорати фарҳанг, масъалаи қонунӣ будани ин амалкарди раҳабрияти Филармонияи давлатиро матраҳ кунанд”.

Ин дар ҳолест, ки занони рубобнавоз мегӯянд, беш аз сӣ сол мешавад онҳо дар ҳамин ансамбл кор карда, чандин санҷиш ва аттестатсияи давлатиро  бо муваффақият гузашта, акнун замоне, ки ба синни нафақа наздик шудаанд, онҳоро аз кор озод кардаанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ансамбле, ки таърихи 82 сола дошта ва айни замон танҳо 14 нафар зани рубобнавоз дорад, ба якборагӣ 70 дар сади ҳунармандони он ғайрикасбӣ дониста шуданд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи кормандони ансамбли бонувони рубобнавози «Чаман» моҳи январи соли ҷорӣ дастаи ҳунарии ин ансамбл аттестатсияи давлатиро  бо мувафаққият гузашта буданд.