Имрўз бахшида ба 26- умин солагарди рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзўи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии рушди давлатдории тоҷикон” баргузор гардид. Тавре дар ин хусус хабарнигори Радиои Тоҷикистон Нуралӣ Давлат иттилоъ дод, дар кори конференсия олимону муҳаққиқон оид ба мавзўъҳои гуногун, ки фарогири Конститутсия буданд суханронӣ, мубоҳиса ва мубодилаи афкор намуданд. Конференсия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронида шуд.

Нуралӣ Давлат

Радиои Тоҷикистон