Дар вилояти Хатлон маъракаи  даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид. Шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон ва Темурмалик нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро кардаанд.

Дар ин бора  аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба гуфти масъулини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр давом меёбад. Ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.