Дар нӯҳ моҳи соли 2020 дар соҳаи саноати сабук 26 корхонаҳои нав ба истифода дода шуда, зиёда аз 490 шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд.

Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои навтаъсис ба коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пахтаи курпабоб, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд. Дар ин бора ба радиои «Тоҷикистон»  Абдурауф Пулотов муовини сардори раёсати саноати сабук ва пилаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.  Ба иттилои манбаъ корҳонаҳои соҳаи саноати сабук бо дар назар дошти корҳонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағӣ зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 214 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 116 фоиз таъмин гардидааст.

Саҳми соҳа дар маҷмуи маҳсулоти саноати 7,3 фоизро ташкил намуд. Ҳамчунин дар ин давра  38643 тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба миқдори 14443 тона зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди нахи пахта 13107 тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардида, дар коргоҳҳои бофандагӣ 9 млн 124 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол шуд, ки  нисбат ба нӯх моҳи соли 2019 1 млн 271, 5 ҳазор метри мураббаъ зиёд ва суръати афзоиш 116,1 фоизро ташкил дод.

Ширин Тоҳирӣ

радиои «Тоҷикистон»