Имрӯз, 15 октябр тариқи видеоконференсия мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб бино ба дархости ҷониби афғонистонӣ доир гардид.

 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст, ки дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои гуногун ва раванди омодагӣ ба нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки қарор аст дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ гардиданд.

АКС аз ВКХ ҶТ