30 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  якҷояи сеюми  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба тасвиб расид.Тавре аз  дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи мазкур 30 октябр,  соати 09:00 дар  маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.