Рӯзи 18 октябр, соати 9:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ доир мегардад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар фестивали мазкур аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат навъҳои гуногуни биринҷ бо нархҳои дастрас ба намоиш – фурӯш  гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар фестивал таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир гардида,  гӯшаи тавсияҳо фаъол карда мешавад. Дар он олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ  ба харидорон доир ба навъҳои биринҷ ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба парвариши биринҷ тавсияҳо медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки биринҷ растании зироатӣ буда, дар заминҳои обдор кишт карда  мешавад. Он аксаран дар даруни об рӯида, дар об месабзаду мерасад. Биринҷ  маҳсулотест, ки дорои витаминҳои зиёд буда, ба организми инсон муфид аст. Биринҷ ба гурӯҳи маҳсулоти табобатӣ дохил мешавад.

Истифодаи мунтазами маҳсулоти биринҷӣ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратони рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором мекунанд, ба пӯст беҳбудӣ мебахшидан, нохун ва мӯйи сарро  нигоҳ медоранд. Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли зиёди биринҷ ранги рӯйро пок менамояд, умрро дароз карда, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад.

Малоҳат Тоҳирова

Радиои “Тоҷикистон”