Ноҳияҳои дурдасттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо алоқаи мобилӣ, махсусан моҳвораҳои мобилӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” ба истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.

Насби моњворањои мобилӣ дар дурдасттарин деҳаи вилоят, Булункули ноҳияи Мурғоб аз тарафи Ширкати мобилии “Мегафон” сурат гирифта, ҳадаф аз амалӣ намудани он рушд додан ба соҳаи алоқа дар ВМКБ ва кӯмак намудан ба аҳолии вилоят ҷиҳати дастрасӣ пайдо намудан ба алоқаи мобилӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Булункул, Яшиккӯл ва дигар мавзеъҳои зебои ин қисмати Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии сайёҳон ба ҳисоб рафта, барқарор намудани алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузтарини ватанӣ “Tcell” дигар деҳаи дурдасти вилоят Бардараи ноҳияи Рӯшон бо алоқаи мобилӣ пайваст гардид, ки мушкилоти аҳолии муқимиро то андоза сабук намуд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ду соли оянда дигар деҳаҳои хурд ва дурдасти вилоят бо барқ барои пурра аз байн бурдани мушкилоти алоқа таъмин мегарданд.

Манбаъ: www.vot.tj