Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳ овоз дод.

Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии №5, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, омад.

Иштирок ва овоздиҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҷараён гирифт.