Тайи як рӯзи охир дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сирояти COVID-19 338 779 нафарро ташкил дод, ки ин рақами рекордӣ аз оғози назорати раванди пандемия мебошад.

Дар ин бора сомонаи расмии СУТ  иттилоъ медиҳад. Бинобар навиштаи манбаъ шумори аз ҳама зиёди сироятёфта дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (122,715) ва Аврупо (96,996) ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар ҷаҳон зиёда аз 36 миллион ҳолати сирояти коронавирус муайян карда шудааст, зиёда аз 1 миллион нафар фавтидаанд.  Дар давоми рӯзи гузашта дар Русия 11493 ҳолати нави сирояти нав ошкор карда шуд, 7054 нафар шифо ёфтанд ва 191 нафар фавтиданд.