Кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи муҳимми истеҳсолоти моддӣ ва яке аз самтҳои асосии хоҷагии халқ буда, амнияти озуқавории мамлакат, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳа аз он вобастагии амиқ дорад. Баробари фарорасии фасли заррини тирамоҳ барои марди деҳқон мавсими нав-мавсими омодагӣ ба киштукори тирамоҳӣ фаро мерасад.

Соҳибназарони соҳа ба ин боваранд, ки агар кишоварз ҳангоми шудгор омили беҳдошти заминро риоя намоянд, ҳатман ҳосили хуб ба даст меорад.

Шарифҷон Хоҷаев, коршиноси соҳа мегӯяд, ки омили аслии ба даст овардани ҳосили баланд дар баробари тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва обшӯйӣ намудани заминҳои шӯр аз шудгори босифат вобастагӣ дорад. Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, ки ҳатман ҳангоми шудгор бояд нуриҳои минералиро истифода бурд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки деҳқонони соҳибтаҷриба ҳангоми шудгор ва кишт кардани полезиҳо аз хокистар истифода мебаранд. Аммо баъзеҳо ба ин боваранд, ки хокистар қабати ҳосилхези заминро корношоям мекунад. Шарифҷон Аминов – коршинос аз Иниститути хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки истифодаи хокистар танҳо дар ҳоли омехта намудан бо ғизои органикӣ тавсия мешавад.

Ҳамсуҳбати дигари мо доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, ки шудгори босифату саривақтии замин ва кишти барвақтии зироатҳои ғалладонагии хӯшадор омили ҳосили фаровон аст.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки омили дигари серҳосилии зироатҳои ғалладонагӣ ин аз сифатнокии тухмиҳо вобастагӣ дорад, дар ин росто, агар тухмиҳои киштшаванда пеш аз коштан бо заҳрхимикатҳои муайян коркард карда шаванд, албатта касалиҳои муайяни растанӣ ба хирмани марди деҳқон таъсир расонида наметавонад.

Воқеан ҳам кишти нисбатан барвақтии зироати ғалладонагӣ дар тирамоҳ имконият медиҳад, ки замин саросар бо майсаи барвақтии пурқувват пўшонда шавад. Растаниҳо дар ин сурат имконият пайдо мекунанд, ки то фарорасии фасли зимистон решаашон дар тирамоҳ обутоб ёбанд.  Кишти зироате, ки дар моҳҳои октябр ва ноябр гузаронида мешавад, майсааш  фасли зимистонро хуб гузаронида барои давраи минбаъда омода мешавад.  Ба ибораи дигар шудгори босифату саривақтӣ ин гарави ҳосили баланд аст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи деҳқонону мутахассисони соҳа, аз ҷумла олимон солҳои охир соҳаи кишоварзӣ хеле рушд кардааст. Интизор меравад, ки ин  бахши муҳиму асосии иқтисодии кишвар бо тараққиёти илму техникаи кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, истифодаи самараноки замин ва нури менералӣ, сари вақт мубориза бурдан бар зидди ҳашароту касалиҳои зараровар, обёрии дурусти заминҳои корам ва усулҳои дурусти киштгардони замин боз ҳам рушд хоҳад кард.

Муродулло Раҳимов

 радиои «Тоҷикистон»