Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ва озоду шаффоф гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар ин бора Комил Шарипов , раиси ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2, оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Радиои Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ дар ҳудуди ҳавзаи мазкур 40 участкаи интихоботӣ ташкил шуда, шумораи интихобкунандагони он 57 ҳазору 237 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод он 1 хазору 165 нафар ба синни 18 даромада, бори аввал ба интихобот меравад. Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар биноҳои замонавию ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза ва бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд., – гуфт Комил Шарипов.

Сурайё Баротова