Гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ ба ӯҳдаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вобаста ба ин имрӯз дар бинои мазкур дастурдиҳии омӯзишӣ дар мавзӯи «Тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷ.Т дар соли 2020 ва пур кардани ҳуҷҷатҳои барӯихатгирӣ» бо намояндагони вазорату идораҳо бо усули фосилавӣ аз тариқи интернет-пурсиш доир гардид.
Ба иттилои Ворис Муродов, сардори Раёсати ба рӯихатгирии аҳолии Агентии омор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ алакай сарҳади байни деҳаҳо, сарҳади байни ҷамоатҳои деҳотро муйян намуда маълумотҳоро ба Агентӣ дар муҳлатҳои муайян шуда пешниҳод намуданд. Ба андешаи Ворис Муродов сардори раёсати ба рӯихатгирии аҳолии Агентии омор марҳилаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 дар ҶТ аз барӯйхатгиррии солҳои 2000-2010 куллан фарқкунанда буда, Агентии омор тасмим гирифтаст, то аз се усул истифода намояд.
Аз рафти ҳамоиш маълум гардид, ки бартарияти интернет-пурсиш коркарди минбаъдаи маълумотҳои ҷамъбастиро осон мегардонад ва саҳеҳияти маълумотҳоро кафолат медиҳад. Агентии омори назди Президенти ҶТ кӯшиш дорад, чорабинии сиёсии умумиҷаҳониро, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бори сеюм гузаронида мешавад, дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонида, ба мақомоти дахлдор аз натиҷаҳои назарраси он гузориш пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҶТ аз 1 то 15-уми октябри соли ҷорӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.

Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”