Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бахшида ба 80-солагии муҳаққӣқ, публисист, омӯзгор Асадулло Саъдуллоев ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши публисистика дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки олимон, донишмандон ва устодони факултаи журналистикаи ДМТ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки устод Саъдуллоев дар се бахш самти таҳқиқ, амалия ва самти публисистика муваффақ буда,  яке аз асосгузорони таълимоти журналистӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Раиси иттифоқи жрналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода гуфт, ки  «мақсади асосии доир намудани ҳамоиши илмӣ- амалӣ ёд намудан аз публисисте, ки зиёда аз ҳазор маводи худро дар нашрияҳо ба чоп расонида бо бавуҷуд овардани саҳифаҳои нав дар рӯзноми  Тоҷикистони Шӯравӣ, тавонист афкори мардумро ба самти раҳнамоиву созандагӣ равона созад», мебошад. Ҳамаи он маърузаҳое, ки дар хамоиш ироа шуданд баёнгари он буданд, ки Асадулло Саъдуллоев нақши хело муҳим дар тарбияи шогирдон дошта, дар ба вуҷуд овардани мактаб илмӣ ва таҳқиқоти рушди соҳаи журналстикаи ватанӣ нақши муҳим дорад.

Асадулло Саъдуллоев яке аз муҳаққиқони журналистикаи тоҷик мебошад ва саҳми устод дар рушди соҳа ва тарбияи кадрҳои бахши рӯзноманигорӣ назаррас аст. Ӯ ҳамеша шогирдонро дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва дарки баланди масъулият тарбият менамуд. То имрӯз асарҳои публисистии устод барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи омӯзиш аст.

Тавре муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён зимни баромади худ қайд намуд, журналистикаи тоҷик бидуни мактаби устод Асадулло Саъдуллоев тасаввурнопазир аст. Зеро тавре ба мушоҳида мерасад, феълан шогирдони устод дар тамоми ВАО фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар пешрафти журналистика зиёд мебошад.

Дилафрӯз Рустамзода муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки устод Саъдуллоев ҳамчун публисист ва муҳаққиқ то охири умр барои тарбияи рӯзноманигорон кушиш менамуд ва имрӯз қисмати зиёди кормандони кумита шогирдони ӯ ҳастанд.

Бахтиёр Қутбиддинов,  яке аз дастпарварони устод Асадулло Саъдуллоев зимни баромади хеш изҳор дошт, ки «Саъдуллоев таҳқиқи публисистикаро дар солҳои 70 ба вуҷуд оварда буданд, ки он замон монеаҳои зиёде барои рушди он  ба миён меомад. Аммо бо талошҳои чунин мардони хирад публисистика имрӯз ҳампаҳлӯи адабиёт, чун як соҳаи мустақил қадам мезанад”. Номбурда омӯхтаю андӯхтаҳои хешро аз устодаш Асадулло Саъдуллоев, имрӯз шиори худ кардаву онро ба журналистони оянда меомӯзонад.

Ҳамоише, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон», Кумитаи телевизион  ва радио, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷанбаҳои зиёди муассиру таъсирбахш дошта бори дигар собит гардид, ки Асадулло Саъдуллоев тавонист мактаби худро ба вуҷуд оварда барои наслҳои оянда аз худ чандин асарҳои  зиёде боқӣ гузорад.

Ба поси хотир ва гиромидошти хизматҳои шоёни устоди маҳрум Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар қатори дигар ҷоизаву мукофотҳои соҳавӣ «Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев»-ро барои беҳтарин нашрияи маҳаллӣ таъсис дод. Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, минбаъд дар қатори дигар ҷоизаю мукофотҳо барои нашрияҳои маҳаллӣ ҷоизаи ба номи устод Асадулло Саъдуллоев супорида дода мешавад.

Гулрӯ Ниёзова

радиои “Тоҷикистон”