Фоизи баланди маблағҳои кредитӣ, ки бонкҳову ташкилотҳои молиявии кишвар ба шаҳрвандон пешниҳод мекунанд, билохира ба муфлисшавии аксари қарзгирандаҳо сабаб мегардад. Баҳси доғи корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам атрофи ҳамин масъалаи муҳим сурат пазируфт, ки зарур донистем шарҳи онро пешниҳоди шумо гардонем.

Ба бовари аксари корбарон тақрибан 70-80%-и кредиторон пас аз гирифтани қарз аз бонку ташкилотҳои молиявӣ муфлис мегарданд. Сироҷиддин Раҳимов, яке аз мубоҳисон сабаби инро дар фоизи баланди қарз дониста, навиштааст: «Агар 100 ҳазор доллар аз бонк қарз гирем, дар муддати 1 сол 132 ҳазор доллар бояд супорем, ки ин дар шароити кунунии Тоҷикистон хеле фоизи баланд аст. Сарфи назар аз он ки фарҳанги баланди молиявӣ ҳам дошта бошем, дар дилхоҳ навъи тиҷорат муфлис хоҳем шуд»

Дар таъйиди шарҳи зикршуда, Файз Акрамов гуфтааст: «Дар воқеъ, қарз бо 32% дар ягон гўшаи ҷаҳон вуҷуд надорад»

Маълумотҳо собит менамоянд, ки имрўзҳо ташкилотҳои молиявӣ дар кишварҳои хориҷа барои ҷалби муштариён ҳарчӣ бештар кўшиш менамоянд, ки фоизи қарзҳоро кам кунанд, дар мо ҳамасола баланд ё бетағйир боқӣ мемонад. Ҳолати пастшавии фоизи қарзҳо ба мушоҳида намерасад. Бо дарназардошти имконоти мавҷуда бисёре аз муштариён дар пардохти қарзи бонк ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардидаанд. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?  Дар ин замина, Дилшод Сафаров дар баҳси мазкур андешаи хешро чунин баён намудааст: «Имрўзҳо ҳама бояд саводи молиявӣ дошта бошад, то қарздор нашавад. Харҷи маблағҳо бояд оқилона сурат гирад»

Аксари сокинони кишвар аз ташкилотҳои амонативу қарзии хурд истифода менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки бисёре аз кредиторон ба тиҷорати бузург таваккал намекунанд. Танҳо таваҷҷуҳ ба фаъолияти хурди соҳибкорӣ далолат аз он мекунад, ки онҳо ба даромади калон тавассути истифода аз қарзи бонкҳо бовар надоранд. Тавре Сироҷиддин Раҳимов иброз доштааст, агар 100 ҳазор доллар аз бонк қарз гирем, дар муддати 1 сол бояд 132 ҳазор доллар супорем, дар ин ҳолат бо машғул шудан ба кадом навъи тиҷорат пардохти ин миқдор маблағ имконпазир мегардад? Албатта, посух гуфтан ба ин душвор аст. Сарфи назар аз ин, ба қавли корбаре бо исму насаби Ҷаҳон Икромович «мардум ниёз ба қарзи бонкҳо доранд. Ҳарчанд фоизи қарзҳо баланд ҳам бошад, маҷбуранд, бигиранд, зеро дигар чорае надоранд»

Дар ҳамин ҳол, истифодабарандае бо исми Ҳабибулло навиштааст: «Агар маблағи қарзгирифтаро мақсаднок истифода баранд, бовар дорам, ки ҳеҷгоҳ ба муфлисӣ дучор намегарданд»

Дар робита ба тарзи фаъолияти бонкҳо ҳаминро бояд иброз дошт, ки муҳлати қарзи медодаашон чандон фосилаи дароз надорад. Дар сурати роҳандозӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ё истеҳсолӣ ҳанўз даромад ба даст наоварда, муҳлати пардохти он фаро мерасад. Ҳар қадар муҳлати қарз тамдид ёбад, ҳамон қадар фоизҳои он меафзояд. Сулаймон Асоев, яке аз корбарон ин ҳолатро чунин ба тасвир кашидааст: «Ҳангоме ки ҳаво абрнок аст, ба ту чатр медиҳанд, борон ки борид, чатрро мегиранд. Бонкҳои худамон ҳаминхел аст»

Сафарзода Сафармад ба таври муххас ин нуктаро иброз намудаамт, ки: «Дар миёни бонку мизоҷ манфиати ҳамдигарӣ дар мадди назар қарор надорад. Дар назди бонк танҳо мақсади ба даст овардани фоида меистад, на рушди минбаъдаи ҳамкорӣ»

Дар такя ба ин гуфтаҳо ин нуктаро ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар воқеъ ташкилотҳои молиявӣ рушди минбаъдаи ҳамкориро ба назар намегиранд. Масалан, дар замони карантин, ки аксари мардум натавонистанд фаъолиятҳои гуногуни худро бомаром идома бидиҳанд, ташкилотҳои молиявӣ дар Тоҷикистон тақрибан ҳеҷ иқдоме ҷиҳати дастгирии мизоҷон пешбинӣ нанамуданд. Танҳо бархе аз ин ниҳодҳои молиявӣ пардохти фоизҳоро то муддати 2-3 моҳ пешниҳод карданду халос.

Бо истинод ба андешаи бархе аз корбарон инро ҳам мебояд таъкид намуд, ки бисёре аз кредиторон бидуни нақшагузории муайян қарз мегиранд. Тавре, Фарҳод Сафарзода дар қисмати шарҳ менависад: «Азбаски донишҳои иқтисодиамон дар сатҳи паст қарор дорад, аз ин фоида ба даст оварданамон душвор аст. Қарзро мегирем ва намеандешем, ки онро аз куҷо пардохт мекунем. Нақшаҳое, ки мо пеш аз қарз гирифтан мекашем, бекораанд. Пул гардиш нахурад, шахс муфлис мешавад.

Дар ин росто, Давлатмурод Каримов, яке аз иштирокдорони баҳси мазкур низ навиштааст:  «Пасту баланд будани фоизҳои бонкӣ ин паҳлӯи дигари масъала аст. Инҷо гап сари то кадом андоза мақсаднок сарф шудани маблағ меравад. Масалан, соҳибкореро медонам, ки ширкати сохтмонӣ дошту барои бунёди бинои истиқоматӣ аз бонк 1 миллион доллар қарз гирифт. Вале баҷои пурра дар сохтмон сарф карданаш, аввал ба маблағи 100000 $ мошин харид, хонаву дарашро таъмир кард, тӯй кард ва боқимондаи пулро дар сохтмон сарф кард. Дар ҳоле ки ин маблағ аз рӯйи нақшаи тиҷорат гирифта шудааст. Ана инро фарҳанги пасти молиявӣ мегӯянд!»

Дар хотимаи баҳси мазкур, Қаҳҳорҷон Азизов, ки зоҳиран аз фаъолияти бонкдорӣ огоҳ аст, иброз намудааст: Вақте ки шумо дар бонк депозит мегузоред, оё медонед, ки аз он чанд миқдор ба қарз дода мешавад? Ҳастанд меъёрҳо ва фоизҳои маҳдуд, ки аз тарафи Бонки миллӣ ва Вазорати молия коргузорӣ мешавад ва аз он ташкилоти амонативу қарзӣ ҳадди пасттаринро ҳамчун даромад ба худ мегузораду халос. Ҷамъи фоидаи бонк аз амалиётҳои қарзӣ 3-4% мемонад. Мо Аврупо нестем, ки меъёри фоизии бонки марказӣ ба сифр баробар бошаду ягон меъёри захираи ҳатмӣ вуҷуд надошта набошад»

 Дилшоди Муҳаммад

радиои “Тоҷикистон”