Имрӯз дар саҳни  бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамои китобҳои тозанашри Муассисаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид.

Дар намоишномаи мазкур осори адибони классику муосири тоҷик ва шоирони даврони истиқлоли кишвар  ба  маърази ҳаводорони каломи бадеъ пешниҳод шуд. Дар ҳамоиши фарҳангӣ шоирону нависандагон, омӯзгорони муаcсисаҳои миёна ва олии кишвар, хонандагону донишҷӯён ва дӯстдорони адаб иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин намоиши фарҳангӣ  ҷалб намудани насли ҷавон ба китобхонӣ мебошад. Мавриди ба ёдовари аст, ки  рӯнамоии китобҳои тозанашри Муассисаи нашриявии “Адиб”  аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омада,  бо иқдом ва ташаббуси нашриёт маҷмӯаи шеърҳои панҷ нафар шоирони ҷавон, Баҳром Раҳматзод  бо номи «Ман аз табори дарахтам», Бузергмеҳри Баҳодур «Соғари садо», Муҳриддин Сабурӣ «Накҳати овешан», Толиби Луқмон «Сарводаҳо аз ҷодаҳо» ва  Бузургмеҳри Тоҷиддин «Дили оинабанд» рӯи чоп омад.

Бузургмеҳри Тоҷиддин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъбаи ахбор ва фарҳангӣ ҳафтавори «Адабиёт ва санъат»  зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки тӯли ду сол мешавад, ки дар сар то сари кишвари маҳбубамон  бо дастур ва супоришҳои Сарвари давлат озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» баргузор гардида истодааст. Дар ҳамин замина нашриёти «Адиб» иқдом гирифтааст, ки китобҳо аз адабиёти  классику муосири тоҷик, ҳамзабонон ва адабиёти ҷаҳон  нашр намуда, бо нархи дастрас пешкаши хонандагон гардонад.  Номбурда мегӯяд, ки имрӯз дар қатори дигар китобҳои шоирону нависандагони кишвар рӯнамоии нахустшумораи маҷаллаи бадеӣ – публитсистии нашриёт  бо номи «Адиб» ба табъ расид.

Тибқи иттилои манбаъ нашриёт 15 номгӯи асарҳои шоирону нависандагони шинохта, ҷавонони боистеъдод ва 12 номгӯи китобҳоро аз ҳисоби даромадҳои дохилии муассиса, дар умум бо теъдоди аз 40, 000 нусха интишор намудааст.

Ширин Тоҳирӣ

 радиои “Тоҷикистон”