Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлол давлатӣ  дар ноҳияи Айнӣ  як зумра тадбирҳо мушаххас андештда шуда, зина ба зина амалӣ мегарданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 499 адад иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ мегардад. Ҳамчунин меҳнаткашони ноҳияи Айнӣ баҳри амалигардонии талаботи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар (аз 26 декабри соли 2019) тадбирҳои судманд андешида, рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар доираи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои солҳои 2016-2020 таъмин меоянд.

Дар ин бора  аз   Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  далатии  ноҳияи Айнӣ иттилоъ  доданд. Бинобар иттилои манбаъ пеш аз ҳама, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри сарвари давлат 499 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки дар соли 2018 – 38 адад иншоотҳо, дар соли 2019 – 207 адад иншоотҳо ва дар соли 2020 – 118 адад иншоотҳои таъиноти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки 72,7%-и нақша ба иҷроиш расонида шудааст.
Ҷиҳати пурра ва сифатнок иҷро гардидани қисми даромади буҷет тадбирҳо андешида, аз 143 млн 692 ҳазор сомонӣ нақшаи андозҳо, иҷроиши он 127 млн 847 ҳазор сомонӣ ё худ 89,0 фоиз таъмин гардидааст.

Даромади буҷети маҳаллӣ аз нақшаи 119 млн 193 ҳазор сомонӣ амалан 103 млн 220 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки  86,6 фоизро ташкил медиҳад.

Хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз нақшаи 38 млн 625 ҳазор сомонӣ дар асл 34 млн 834 ҳазор сомонӣ ё 90,2 фоиз иҷро гардид. Бақияи қарзи андоз 364,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали сол 37,6 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Дар ноҳияи Айнӣ 1792 нафар ба соҳибкори машғул буда, бо шаҳодатнома 1171 нафар ва бо патент 621 нафар хизматрасониҳои гуногунро ба аҳолӣ ба амал мебароранд ва аз ҳисоби онҳо 1051,9 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар  8 моҳи  соли 2020  ба соҳибкорон 5180,1 млн сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

 

Баҳри амалигардонии ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 643 млн 918 ҳазор сомонӣ  расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 млн 286 ҳазор сомонӣ зиёд ё 107,2 фоизро ташкил менамояд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли  ангишт ба 1 млн 066 ҳазору 262 тонна, (98,8%) , консетрати 30 –фоизаи сурмадор ба 40 ҳазор 851,9 тонна (85,3%),  симоб 108,6 тонна (144%),  сурма ба 4113,02 ҳазор тонна ( 168,5%) расонида шудааст.

Саъдӣ Ғоибов

махсус барои сомонаи www.radiotoj.tj