Дар даври аввали  ПЛА чанд бозии ҷолиб доир гардид.  Бозии марказӣ бошад ин сабқати дастаҳои «Тоттенхэм» ва «Эвертон» ба ҳисоб мерафт. Дар даври аввал  барои шогирдони  Жозе Мауринио бебарор омад.  Дар ин мавсими равзани гузариши бозингарон дар  тими  «Тоттенхэм» ягон  бозингари  «овозадор» ва «зӯр» наомад. 

Дар  бошгоҳи «Эвертон» бошад  Карло Анчелоти талош кард, ки  дар ин мавсим ҳайати шогирдони худро  пурзӯр кунад.  Аз қабили  Хамес Родригесро аз тими  «Реал Мадрид», Абудалай Дукуре аз тими  «Нюкасл» ва Аланро аз  дастаи  «Наполи» харидорӣ кард.  Акнун  Анчелоти мехоҳад, ки дар ин масим ҳади ақал дастаашро  дар  4-гонаи  беҳтарин   барорад.  Дар нахустин бозӣ рақиби  дастаи   «Эвертон» тими  «Тоттенхэм»   буд.  Дар нимаи аввали бозӣ  ҳисоб кушода нашуд. Дар нимаи дуюми бозӣ Келверт Люин ҳамлагари  дастаи   «Эвертон» ягона голи вохӯриро  зада ғалабаи ҳамдастаҳои худро таъмин намуд.  Бозии дигари  ҷолиб  ин дидори тимҳои  «Ливерпул» ва «Лидс» ба ҳисоб мерафт. Дар ин  сабқат  7 гол  ба қайд гирифта шуд.

Дар нимаи авали бози  бозингарони  тими «Ливерпул» ба дарвозаи рақиб  се гол  заданд.  Ду голро М. Салоҳ ва як голи дигарро   Ван Дейк ба нишон расониданд. Се голро  дастаи «Ливерпул» дар нимаи аввал ва  бозингарони дастаи «Лидс»  ду голи ҷавобӣ заданд.  Дар нимаи дуюми бози идораи тубро  меҳмонон ба даст гирифта  дар дақиқаи 66 –уми бози  ҳамлагари тими «Лидс» Клих ҳисоби бозиро   баробар 3:3 кард.  Аммо  дар охирон дақиқаҳои бози  ҳамлагари дастаи   «Ливерпул»  Муҳаммад Салоҳ аз ҷаримаи 11 метра голи 4-уми ҳамдастаҳои худро  зада, ғолибияти ҳамдастаҳои худро таъмин намуд.Ҳамин тариқ, дар ин вохӯрӣ  Муҳаммад Салоҳ «хетрик» карда  барои  ғолибияти  ҳамдастаҳояш  саҳми бузурги худро  гузошт.

Дастаи  «Арсенал» дар оғози мавсим  бозии худро хеле  олӣ шуруъ намуд. Шогирдони Микел  Артета дар сафар тими  «Фулхэм»-ро  бо ҳисоби 0:3 мағлуб карданд. Муалифони голҳои тими  «Арсенал» Ляказетт,  Габриэл ва   Обамеянг гардиданд. Айни ҳол ин даста садрнишини мусобиқа мебошад.   Бошгоҳи «Челси» дар сафар бо тими «Брайтон» дидор анҷом доданд. Шогирдони Фрэнк Лэпард ба дарвозаи рақиб се гол заданд. Аз се голи  тими  меҳмонон соҳибони майдон як голи ҷавобӣ заданд. Тимҳои   «Вулверхэптон» ва «Нюкасл» дар сафар  дастаҳои «Шеффилд Юнайтед» ва «Вест Хэм» бо ҳисоби якхела  0:2 шикаст доданд.

Тими «Лестер» низ  дар сафар дастаи «Вест Бромвич»-ро бо ҳисоби  0:3 мағлуб кард.  Бошгоҳи «Кристал Пэлас» дар майдонаш  тими «Саутгемптон»-ро пазироӣ карда онро  бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.  Ду бозӣ рақобати  дастаҳои  «Манчестер Сити»- «Астон Вилла», «Бёрнли»- «Манчестер Юнайтед» бо сабабҳои гуногун  ба вақти дигар   гузошта шуд.

Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”