Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи милии Тоҷикистон  Конфронси илми- амалӣ тахти унвони «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ба кор оғоз кард.

Дар ҳамоиш намояндагони барҷастаи илми ду кишвар ширкат намуда, ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.  Ҳайати бонуфузи олимону муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи кишвари ҳамсояро муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон академик Акмал Саидов роҳбарӣ мекунад. Ҳамоиш бо суханони ифтитоҳи Фарҳод раҳими –президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, аз саҳми барҷастаи  роҳбарони ду давлат:  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кишвари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар оғоз ва роҳандозии марҳилаи нави ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи стратегии ду кишвар ёдрас шуда, онро барои мардуми ду кишвар саҳифаи нав ва таърихӣ унвон намуд.

Зимни баромадҳои олимон таъкид гардид, ки  танҳо дар соли 2018 аз сарҳади  Тоҷикистону Ӯзбекистон 1 милион  шаҳрванди ду кишвар гузашта, дидорбинӣ кардаанд  ва дар соли 2019 он ба 1,5 миллион нафар расидааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҳамоиши мазкур, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт, гурӯҳи олимон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, тибқи барнома, Конфронси илмию амалӣ аз чор бахш иборат мебошад. Дар бахшҳо олимони ҳарду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди равобити сиёсии байни Тоҷикистон ва Ӯзбкистон, рушди робитаҳои иқтисодӣ, равобити илмию технологӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

                                           Гулрӯ Ниёзова

 радиои Тоҷикистон