Агентии назорати давалтии назорати молиявь ва мубориза бо коррупсия хабар додааст, ки як нозир андозро бо гумони гирифтани пора боздошт намудааст.

Дар хабар омадааст, ки Азиззода Рустам Азиз дар вазифаи мутахассиси Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда истода, санаи 12 июни соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва минбаъд мусоидат намудан дар қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, маблағи 5000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, аз ин маблағ 1250 сомониашро пешакӣ гирифта, овардани боқимонда маблағро талаб намуд.

Санаи 17 июни соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Азиззода Р.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Агентӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Азиззода Р.А. бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.