Соҳаи маориф яке аз  соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушд ва ташаккулёбии насли ҷавон дар  ҷомеа саҳми назаррас дорад.   Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ба роҳ монда шуда, кабинетҳои фаннӣ бо лавозимоти техники зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.

Имрӯз  низоми маорифи кишвар дар марҳилаи  ворид ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ қарор дорад. Мавзуна Убайдуллоева корманди маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо ҷахони гардидани таҳсилот имрӯз дар тамоми муассисаҳои миёна ва олии кишвар раванди таълиму тарбия ҷавобгӯ ба стандартҳои давлативу байналмиллалӣ  ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади фарогири бештари кӯдакон  ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактаби ва миёнаи умумии хусуси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 қабул гардида буд, ки самтҳои асосии он рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ,  рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактаби хусуси муайян менамояд.  Дар робита ба ин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри ҷалби   кӯдакон ба таълиму тарбия дар  шакли алтернативӣ  маркази инкишофи кӯдакро ташкил намудааст.

Самти дигари дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар ин иштироки фаъолонаи хонандагони кишвар дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ мебошад. Ҳамсуҳбатамон Мавзуна Убайдуллоева мегӯяд, ки дар давоми 8 соли охир хонандагони кишвар дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллӣ  кишвар фаъолона ширкат варзида соҳиби  1216 ҷойи  ифтихори, ки аз он 248  ҷои якум 366 ҷои дуюм ва 602 ҷои сеюм гардида, зиёда аз 400 нафар соҳиби ифтихорномаҳои фахри гардидаанд.

Мариди зикр аст, ки фаъолияти илмиву иноватсионӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир дар кишварамон хеле назаррас мебошад. Имрӯзҳо  бо мақсади ҷалби насли ҷавон ба илму дониш миёни донишҷуён ва олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  ҳамасола озмунҳои ҷумҳуряви гузаронида мешвад, ки мақсад аз он рушди моликияти зеҳни ва такмили  донишу маҳорати эҷодкории насли ҷавон мебошад.

Ширин Тоҳирӣ,

радиои “Тоҷикистон”