Люди на улицах Душанбе
Матлаби бо нигаронӣ нашрнамудаи як корбар бо исму насаби Мадюни Меҳан дар робита ба муоширати байниҳамдигарии бархе аз сокинони кишвар бо забони русӣ баҳси доғеро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба по кард. Мавсуф дар матлаби худ навиштааст: «Миллат бо забон зинда аст! Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро тоҷики асил мешуморад, бояд ҳам дар хона ва ҳам дар байни ҷомеа бо забони ноби тоҷикӣ муколама намояд!»

Ин нуктаро дар қисмати шарҳ Муҳаммадҷон Обидов рад намуда, ибтидо донистани забони адабиро барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шарт ва зарур шуморидааст, аммо навиштааст: «… бисёр мехоҳам дар хона бо ман англисӣ суҳбат кунанд то омўзамаш. Ин маънои забони модариро дўст надоштан нест!»

Мадюни Меҳан барои тақвияти дурустии андешаи хеш мисол овардааст, ки як сол пеш бо ду зани рус, ки тахминан 45-сола буданд ва чеҳраи ориёӣ доштанд,  дар шаҳри Москва вохӯрдам. Аз онҳо пурсидам, ки оё доғистонӣ ҳастед?  Онҳо рад намуда, гуфтанд, ки рус ҳастанд. «Чаро чеҳраи шумо ба доғистониҳо монанд аст?-гўён суол додам. Дар посух гузаштагони худро тоҷик ва худро рус муаррифӣ намуданд. Ман аз ин посухи эшон дар шигифт монда иброз доштам, ки пас шумо тоҷик ҳастед? Онҳо бо баҳонаи ин ки забони тоҷикиро балад нестанд, тоҷик будани худро инкор намуданд. Зимни гуфтугў бо онҳо маълумам шуд, ки падару модарашон тоҷик будааст, аммо пас аз марги падару модараш, ки яке аз Хуҷанд ва дигаре аз Хоруғ будаанд, худро рус муаррифӣ намуда, дини онҳоро ихтиёр кардаанд.

Зоҳир Имомзода, яке аз иштирокдорони баҳс атрофи забон иброз намудааст, ки:  «Дар замони имрӯзи ҷаҳони муосир ягона нишонаи муайянкунандаи миллат забон аст. Ба кадом миллат мансуб будани шахс аз забони муошираташ аниқ карда мешавад»

Дар робита ба нигаҳдошти асолати забони модарӣ, Шодмони Замон нигоштааст: «…забони модариро эхтиром бояд кард! Албатта, омўхтани забонҳои ғайр низ аз манфиат холӣ нест, аммо ҷойи истифодабарии онҳо дигар аст. Ба мисли баъзеҳо дар кўчаву бозор ва даруни нақлиёт набояд бо забони ғайр гуфтугў кард!»

Аммо Баҳром Ҷумаев, яке аз мубоҳисон бо ҷонибдорӣ навиштааст: «Агар дар хонаашон бо забони тозаи русӣ ва дар кўча бо мардум тоҷикӣ гап мезананд, аҳсант ба онон! Нагунбахт касест, ки ҳарду забонро вақти сухангўӣ омехта мекунад!»

Бахтовар Шарифов иброз доштааст: “Забони миллат – ҳастии миллат” гуфтаанд. Бинобар ин, бояд ҳар шахс саъй намояд, то бо забони худаш гап занад!» Номбурда зимнан ин нуктаро дар илова гуфтааст: «Бархеҳо ҳангоми муошират нимрусиву нимӯзбекӣ ва нимтоҷикӣ гап мезананд, ки набояд ин хел шавад!»

Баҳодур Ҳомидов иброз намудааст: «Замони муосир тақозо менамояд, ки ҳар шахс бояд маҳорати забондонии худро пайваста сайқал диҳад, забонҳои хориҷиро ба хубӣ омўзад. Бинобар ин, ҷавонон кўшиш мекунанд, ки барои озодона ҳарф зада тавонистан бо забонҳои хориҷӣ ҳамвора дар муошират бошанд, чӣ дар кўча, чӣ дар бозор ва ё чӣ дар хона» Ба таъкиди ин муаллиф, ки ба қавли худаш чанд сол аст дар Русия басар мебарад, надонистани забони русӣ пешорўйи муҳоҷирон мушкилоти зиёдеро эҷод кардааст.  Махсусан, ба онҳое, ки забони русиро намедонанд, мақомоти Русия муҷаввиз барои кор намедиҳад. Аз ҳар як муҳоҷир аз фанни забони русӣ имтиҳон мегиранд.

«Муҳим дар доираи одоб гуфтугў кардан аст!»-навиштааст Шаҳло Раҷабова. Ин муаллиф дар илова гуфтааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки бо дилхоҳ забон суҳбат кунад, аммо агар бо забони модарии худ робитаи ногусатанӣ дошта бошад, боз беҳтар»

Корбаре бо исми Фараҳ дар хотимаи ин баҳс ёдовар шудааст: Фарзанди ман дар «боғчаи русӣ» таҳсил мекунад. Аз ибтидо бо ў тавассути забони русӣ муошират мекардем, мутаассифона таваҷҷуҳаш ба забони тоҷикӣ коста гардид. Бисёре аз калимаҳоро бо забони тоҷикӣ намедонист. Аз ин ҳолат падарам хабардор шуда, хеле изҳори нигаронӣ кард ва хост, то бо ў бо забони модарӣ гуфтугў кунем. Мо ниҳоят тасмим гирифтем, ки дигар дар хона бо ў тоҷикӣ гап занем. Ҳоло дар боғча русӣ ва дар хона тоҷикӣ гуфтугў мекунад. Ҳар дуяшро хуб аз бар кардааст ва бе мушкил суҳбат карда метавонад»

Дилшоди Муҳаммад

радиои “Тоҷикистон”