Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани  XXXV ғайринавбатии Ҳизби коммунисти  Тоҷикистон  баргузор гардид, ки  дар он  раиси ҳизби мазкур Мероҷ Абдуллоев  номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.   

Дар  ин анҷуман 57 нафар вакил иштирок намуда,  Раиси ҲКТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мероҷ Абдуллоев  иброз намуд, ки барномаи пешазинтихоботии ҳизб мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи Барномаи ҳизби мазкур,  таҳлили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, омӯзиши давраҳои давлатдории шӯравӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, бахусус кишварҳое, ки роҳи инкишофи сотсиалистиро интихоб кардаанд, таҳия гардидааст.

Ҳадафи асосии барномаи ҳизб ҳалли масъалаҳои ҷомеа  дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, муносибатҳои миллӣ, иқтисодиёт, иҷтимоӣ, маънавиёт, ислоҳоти идоракунӣ, таъмини волоияти қонун ва ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва дар самти сиёсати хориҷӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфтааст.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”