уд korbar – пт, 05/17/2019 – 11:29

Китоби «Уфуқҳои истиқлол» дар озмуни XVII байналмиллалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ пешниҳод шуда, соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид.

Озмун таҳти роҳбарии В.В. Андреевич дар шаҳри Минск тариқи онлайн баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.    Дар чорабинии байналмиллалии «Санъати китоб-и кишварҳои узви ИДМ  Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 75-китоб пешниҳод намуданд.

Дар озмун 5 китобе, ки аз ҷониби ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардида, Шоҳҷоизаи чорабинӣ насиби китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмиллалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмиллалии китоби Москва рўзхои 4-7 сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни мазкур аз соли 2004  бо ташаббуси Шўрои байналмиллалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, наш рва савдою тавзеҳи китоб ва умури ношириии ИДМ ва дастгирии Фонди байналмиллалии ҳамкориҳои гуманитарӣ сар карда, то инҷониб баргузор мегардад. Чорабинӣ соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он китоби «Донишномаи фарҳангии мардуми тоҷик», иборат аз ду ҷилд дар баробари китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия Шоҳҷоизаро сазовор гардид.

Манбаъ: www.vot.tj